Кишвардорони Тоҷикистону Эрон зери Баёнияи муштараки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Ҷумҳурии исломии Эрон имзо гузоштанд.
Ба гузориши манбаъ:
Дар пайи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар додааст.
Ин маросим бо ширкат ва ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳурии исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, зери Баёнияи муштаракаи президенти Тоҷикистон ва президенти Эрон сарони ду давлат, эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.
Санадҳои миёни мақомдорони Тоҷикистону Эрон имзо шуданд:
Барномаи ҳамкорӣ миёни ВКХ Тоҷикистон ва ВКХ Эрон;
Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни ҲукуматиТоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Эрон; https://tajikpress.com/2025/01/16/%d0%b8%d0%bc%d0%b7%d0%be%d0%b8-23-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d1%91%d0%bd%d0%b8-%d1%82/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев