Шумори ҷонбохтагони оташсӯзиҳои маргбор ва даҳшатнок дар Лос-Анҷелес ба 24 нафар расид ва 16 нафар то ҳол гумшуда боқӣ монаанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳоле ки оташсӯзии маргбор ва даҳшатнок дар Лос-Анҷелес ҳанӯз қурбонӣ мегирад, мақомоти ин шаҳр эълом карданд, ки шумори кушташудон ба 24 нафар расида, 16 нафар то ҳол гумшуда боқӣ мемонанд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоле ки пешгӯии обу ҳаво дар бораи хатар аз боди шадид ва густариши оташсӯзӣ ҳушдор медиҳад, мақомот илова карданд, ки эҳтимоли афзоиши шумори кушташудон вуҷуд дорад.
Созмони миллии обу ҳавои Амрико дар бораи боди шадид бо суръати тақрибан 80 км/с дар минтақаҳои соҳилӣ ва суръати 113 км/с дар минтақаҳои кӯҳистонии Лос-Анҷелес ҳушдор дода, рӯзи сешанберо хатарноктарин рӯз барои ин оташсӯзӣ шуморид.
Вазъи оташсӯзӣ дар Лос-Анҷелес, ки дар ҷануби Калифорния воқеъ аст, ба давраи буҳронӣ ворид мешавад, зеро интизор меравад, ки боди «Санта Ана», ки ҳафтаи гузашта оташсӯзиро шиддат бахшид, боз ин минтақаро фаро гирад.
Раиси хадамоти оташнишонӣ дар Лос-Анҷелес дар як нишасти матбуотӣ эълом кард, ки вазъи буҳронӣ барои оташсӯзӣ бо сабаби баргашти боди шадид камаш то ду рӯз идома хоҳад дошт. https://tajikpress.com/2025/01/13/%d1%88%d1%83%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%9b%d1%83%d1%80%d0%b1%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%91%d0%bd%d0%b8-%d0%be%d1%82%d0%b0%d1%88%d1%81%d3%af%d0%b7%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bb%d0%be%d1%81-%d0%b0%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев