Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки артиши ин кишвар назорати ду деҳаи дигарро ба даст гирифтааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати мудофиаи Русия имрӯз -якшанбе- эълон кард, ки қувваҳои русӣ назорати деҳаи «Янтарно» дар Ҷумҳурии Халқи Донетск ва деҳаи «Калиново» дар минтақаи Харковро ба даст гирифтаанд.
Ин вазорат дар як баёния эълон кард: «Воҳидҳои гурӯҳи ҷангии Юг деҳаи Янтарно дар Ҷумҳурии Халқи Донетскро пас аз амалиётҳои ҳамлавии фаъол озод карданд».
Ин вазорат илова кард, ки гурӯҳи ҷангии «Запад» деҳаи Калиноворо озод кардааст.
Мувофиқи эълони Вазорати мудофиаи Русия, қувваҳои мусаллаҳи Украина дар 24 соати гузашта ҳамагӣ 1 ҳазору 390 сарбозро аз даст додаанд. https://tajikpress.com/2025/01/13/%d0%b0%d1%80%d1%82%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bd%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%b4%d1%83-%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d0%b0%d0%b8-%d0%b4%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев