Вазорати дифои Русия эълом кард, ки шаби гузашта дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки низомиҳои мудофиаи ҳавоии артиши ин кишвар шаби гузашта дар минтақаҳои гуногун 85 ҳавопаймои бесарнишини ҳамлагари украиниро сарнагун карданд.
Дар баёния гуфта шудааст: «Низомиҳои мудофиаи ҳавоии артиши Русия шаби гузашта 31 ҳавопаймои бесарнишинро дар фазои Баҳри Сиёҳ, 16 ҳавопаймои бесарнишинро дар минтақаҳои Воронеж ва Краснодар, 14 ҳавопаймои бесарнишинро бар фазои Баҳри Азов ва 4 ҳавопаймои бесарнишино дар осмони вилояти Белгород сарнагун карданд.»
Бар асоси баёния, боқимондаи ҳавопаймои бесарнишини сарнагуншуда дар минтақаҳои нимҷазираи Қрим ва Курск сарнагун карда шуданд.
Дар ин баёния ба талафот ва хисоротҳои эҳтимолии ҳамла ишора нашудааст.
Вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа низ аз сарнагун кардани даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини украинии дигар хабар дода буд. Русҳо эълом карданд, ки низомҳои мудофиаи ҳавоии Русия 40 ҳавопаймои бесарнишинро дар фазои минтақаҳои Ростов, Курск, Орёл, Брянск, Кубянск ва Баҳри Азов сарнагун карданд.
Низомиҳои мудофиаи ҳавоии Русия инчунин 16 ҳавопаймои бесарнишинро дар фазои Ростов ҳадаф қарор дода, нобуд карданд. https://tajikpress.com/2025/01/11/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%bb%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев