Раиси пажуҳишгоҳи генетикии Эрон ахиран гуфт, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон заминаҳои ҳамкории муштарак дар заминаи биотехнолгияро баррасӣ кард.
Ба гузориши манбаъ:
Раёсати пажуҳишгоҳи генетикии Эрон ба Тоҷикистон барои эҳёии ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ба Душанбе омаданд ва ба роҳбарияти донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Меҳр”.
Доктори Ҷаводи Маҳмадӣ, раиси пажуҳишгоҳи генетикии Эрон ба ҳамроҳи доктори Камолиддин Ҳақбайн раиси маркази ҳамкориҳои байналмилалии ин пажуҳишгоҳ барои эҳёии ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ дар заминаи биотехнология аз донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳи улуми пизишкии Ибни Сино, донишгоҳи кишоварзӣ ва академияи улуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз озмоишгоҳҳо ва бемористонҳои донишгоҳҳои мазкур боздид кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки бо мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ карданд.
Вай гуфт:
“Ин боздид ба дунболи даврае аз табодулоти илмии маҳдуди байни ду кишвар аз замони тавофуқоти аввалия дар даҳаи 1990 анҷом мешавад ва ҳадафи он тақвияти пайвандҳои илмӣ дар давлати феълии Эрон аст”. https://tajikpress.com/2025/01/02/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b8%d0%bb%d0%bc%d0%b8%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%83-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев