Бар асоси назарсанҷии тозатарин дар сарзаминҳои ишғолӣ сабаби аслии ҷилавгирии Нетаняҳу аз тавофуқи оташбас фош шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазира”, бар асоси назарсанҷии шабакаи 12-и Исроил, 47 дарсади сокинони сарзаминҳои ишғолӣ бар он боваранд, ки сабаби аслии адами дастёбӣ ба тавофуқ, тарси Нетаняҳу аз фурӯпошии давлати ӯ мебошад.
Дар ҳамин робита, Усома Ҳамдон, яке аз раҳбарони Ҳамос дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Ҷазира” эълом кард: Исроил қасдан монеи дастёбӣ ба тавофуқе барои поёни даргирӣ шудааст ва Нетаняҳу қасд дорад бо куштани асирон, худро аз ин парванда раҳо кунад.
Вай гуфт: бемористони Камол Адвон ва шимоли Ғазза аз 75 рӯз пеш таҳти як куштори систематик қарор доранд ва ин дар ҳолест, ки Амрико ба ин ҷиноёт чашм мепӯшад.
Ҳамдон бо таъкид бар ин ки дар бемористони Камол Адвон ҳеч фарди мусаллаҳе ҳузур надоштааст, гуфт: ҳамла ба ин бемористон бахше аз як тарҳи пешакӣ барои саркӯби ҳар гуна муқовимати мадании минтақа мебошад. https://tajikpress.com/2024/12/28/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d0%bd%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%bd%d1%8f%d2%b3%d1%83/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев