”
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо маддоҳону шоирон ба баёни шахсияти ҳазрати Заҳро(а) ва таҳлили таҳаввулоти Сурия ва минтақа пардохт.
Ба нақл аз бахши русии пойгоҳи хабарии Russian.khamenei.ir , Оятуллоҳ Хоманаӣ дар солрӯзи мелоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), дар дидори ҳазорон нафар аз маддоҳону шоирони аҳли байт (а) ва қишрҳои мухталифи мардум, ҳазрати Фотима (а)-ро улгуи комили ҳамаи башарият барои “қиём дар роҳи ҳақ, истодагӣ, шуҷоат, сароҳату қувати мантиқу истидлол” баён кард ва таҳаввулоти Сурия ва минтақаро таҳлилу баррасӣ намуд.
Дар ибтидои ин маросим, теъдоди 8 нафар аз моддоҳону шоирони нуқтаҳои мухталифи кишвар, ба мадеҳасароӣ ва зикри фазилатҳои аҳли байт (а) пардохтанд. Ҳамчунин ҳозирон бо сурудхонии дастаҷамъӣ, мақоми ҳазрати Фотима (а)-ро арҷ ниҳоданд.
Ишон ҳамчунин дар бахши нахусти суханонашон дар табйини шахсияти ҳазрати Заҳро (а), афзуд: Саросари зиндагии он ҳазрат ба вижа муддати кӯтоҳи ҳаёташон пас аз реҳлати Паёмбар (с), табйини мустамари ҳақоиқу мабонии муҳками дин буд ва ин, улгу ва қуллае аст, ки агарчи наметавон ба он расид, аммо бояд мудом ба самти он ҳаракат кард. Ишон дар баёни маъонии ҳадисе аз Паёмбар(с) дар бораи инки “муҳаббату дӯстии ҳазрати Фотима (а.с) сад ҷо ба дарди инсон мехӯрад, ки осонтарини он ҳангоми марг ва дар қабр аст”, афзуд: “Маънои осони ин ҳадис, фавоиди бешуморе аст, ки дӯстӣ ва иродат ба ҳазрати Фотима (а) ба ҳамроҳ меоварад, аммо маънои сахти ҳадис он аст, ки агар инсон корҳое кунад, ки муҳаббати он ҳазрат ба ӯ ҷалб шавад, сад ҷои фоида ва самараи беназир дорад.” https://tajikpress.com/2024/12/24/%d0%be%d1%8f%d1%82%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d1%85%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d3%a3-%d1%85%d0%b8%d1%82%d0%be%d0%b1-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d2%b3%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев