Қувваҳои мусаллаҳи Яман як ҳавопаймои ҷангии F-18-и Амрико аз насли панҷумро сарнагун карданд. Ин амалиёт ҳамчун як иқдоми пешгирикунанда дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии Амрико ва Англис арзёбӣ мешавад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Абдуссалом Суфён, коршиноси умури стратегии Яман, ин ҳодисаро як “амалиёти истисноӣ” номида, онро ҳамчун нишондиҳандаи тавонмандиҳои низомии ин кишвар арзёбӣ кардааст.
Абдуссалом Суфён таъкид мекунад, ки амалиёти мазкур на танҳо як муваффақияти тактикӣ, балки як паёми равшан барои кишварҳои ҳамлакунанда мебошад. Ҳадафи ин амалиёт, ки ҳамзамон бо ҳамла ба киштии ҳавопаймобари “USS Harry Truman” сурат гирифтааст, нишондиҳандаи омодагии Яман барои дифоъ аз ҳудуди худ аст.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Англис маҷбур шуданд, ки пас аз амалиёт аз фазои ҳавоии Яман хориҷ шуда, ба самти обҳои байналмилалӣ дар Баҳри Сурх ақибнишинӣ кунанд. Ин як пирӯзии стратегӣ барои Яман арзёбӣ мешавад, ки қудратҳои ҷаҳониро водор ба бознигарии стратегияи низомиашон мекунад.
Ин амалиёт дар замоне сурат гирифт, ки Яман таҳти ҳамлаҳои шадиди коалицияи байналмилалӣ, ки аз Амрико ва Англис пуштибонӣ мегиранд, қарор дорад. Ҳадафҳои аслии ин ҳамлаҳо саркӯб кардани муқовимати Яман ва пешбурди манфиатҳои стратегии кишварҳои ғарбӣ дар минтақа мебошад. https://tajikpress.com/2024/12/24/%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%bb%d0%b8%d1%81-f-18/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев