Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман имрӯз эълом кард: бо 2 мушаки мофавқи савти "Фаластини 2" ба 2 ҳадафи ҳассоси низомӣ дар Телавив ҳамла кардем.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Масира”, “Яҳё Сариъ” сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман ҳам акнун дар баёнияе эълом кард: бо 2 мушаки мофавқи савти “Фаластини 2” ба 2 ҳадафи муҳим ва ҳассоси низомӣ дар Телавив ҳамла кардем.
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман дар ин хусус гуфт: неруи мушакии Яман бо анҷоми як амалиёти низомии кайфӣ, 2 ҳадафи муҳим ва ҳассоси низомии душмани Исроилиро дар минтақаи Ёфои ишғолӣ ҳадаф қарор дод. Ин амалиёти низомӣ бо 2 фарванд мушаки баллистики мофавқи савт аз навъи Фаластини 2 анҷом шуд ва ба лутфи Худованд ба аҳдофи худ бо муваффақият даст ёфтем.
Яҳё Сариъ изофа кард: Ин амалиёт ҳамзамон бо таҷовузоти режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба таъсисоти ғайринизомӣ дар Санъо пойтахт ва устони ҳадида анҷом шуд. Амалиёти мо дар чорчуби посухи табиӣ ва машрӯъ ба таҷовузи Исроил аст. Амалиёти мо ба унвони як пирӯзӣ дар баробари зулм ба мардуми Фаластин ва дар марҳалаи панҷум ва дар чорчуби посух ба таҷовузоти Исроил ба кишварамон ба шумор меояд.
Вай дар идома афзуд: таҷовузоти Исроил сабаби манъи анҷоми вазифаи динӣ ва ахлоқии артиши Яман ва мардуми Яман дар посух ба кушторҳои Навори Ғазза нахоҳад шуд. Таҷовузи Исроил моро аз посухгӯӣ ба ин таҷовузи ваҳшёна бо идомаи пуштибонӣ ва зарба задан ба тамоми аҳдофи мутахосим бо силоҳҳои муносиб боз нахоҳад дошт. https://tajikpress.com/2024/12/19/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d1%8f%d2%b3%d1%91-%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%8a-%d1%82%d0%b5%d0%bb%d0%b0%d0%b2%d0%b8%d0%b2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев