Вазорати тандурустии Фаластин рӯзи душанбе эълом кард, ки дар 24 соати ахир беш аз 250 фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати нигахдории тандурустии Фаластин имруз эълон кард, ки истилогарон дар давоми 24 соати гузашта 7 чинояти нав дар Ғазза содир карданд, ки дар ин муддат 52 нафар шаҳид ва 203 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол шумораи зиёди қурбониён дар зери овар қарор доранд ва имкон нест, ки онҳоро берун бикашанд.
Ба ин тартиб, шумори шаҳидони Ғазза аз 7 октябри соли гузашта то имрӯз ба 45 ҳазору 28 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 106 ҳазору 962 нафар расид.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, раҳбари ташкилоти ёрии тиббӣ дар Ғазза, дар бораи ба вуқӯъ пайвастани як фоҷиаи экологии ҷиддӣ ба далели идомаи наслкушӣ ва ҷамъ шудани ҷасадҳои фаластиниҳо дар кӯчаҳои шимоли Ғазза ҳушдор дод.
Вай гуфт, ки шумораи зиёди ҷасадҳои шаҳидон дар кӯчаҳо раҳо шудаанд. зеро имкони расидан ба онҳо вуҷуд надорад ва мутаассифона, сагон ва гурбаҳо дар ҳоли хӯрдани ҷасадҳои ҷамъшуда ҳастанд, ки ин нишон медиҳад фоҷиаи экологии ҷиддӣ дар роҳ аст. https://tajikpress.com/2024/12/16/%d1%82%d0%b5%d1%8a%d0%b4%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b0%d0%b7-45-%d2%b3%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80-%d0%bd%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев