Бонки осиёии рушд пешгӯии нишондоди рушди иқтисодии Тоҷикистонро боло бурд.
Ба нақл аз манобеи хабарӣ, ин созмони байналмилалии молӣ пешгӯии рушди иқтисодии Тоҷикистонро то охири соли ҷорӣ аз 6,5% ба 7,3% боло бурд.
Тибқи гузориши нави Бонки осиёии рушд дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон барои соли 2025 низ аз 6,5% то 7% афзоиш ёфтааст.
Иқтисоддонҳои Бонки осиёии рушд тағйирот дар рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба “афзоиши интиқолоти пул ва тавсеаи иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсолот” марбут медонад.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон рушди иқтисоди ин кишварро дар соли равон 8% пешбинӣ мекунад. Тибқи иттилои Оҷонси омор, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 8,4% расид.
Гуфтанист, тибқи омори расмӣ иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 8,3% рушд кард. Соли гузашта 24,3 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ, 16,2 дарсад саноат, 14,9 дарсад савдо, андоз 10,1%, нақлиёт 9,1%, сохтмон 7,9 % ва дигар соҳаҳо 17,5 дарсадро ташкил дод.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев