Раиси вилояти Суғд дар мулоқот ба сафири Ҳинд дар Тоҷикистон соҳибкорони ин кишварро ба вилоят барои шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда даъват кард.
Ба гузориши манбаъ:
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уикеро масоили тақвияти ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисивилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҳамкорӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят дар ин мулоқот ба сафир дар бораи имкониятҳои саноати куҳкорӣ, саноати сабуку хурока, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ маълумот дод.
Тарафҳо ҳамчунин, масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз он, корхонаҳои коркарди пахтаро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки метавонанд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсоли доруворӣ, коркарди пахта ҳамкории густардаро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин дар ин дидор ташкили сафари соҳибкорони Ҳиндустон ба вилояти Суғд ва шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд. https://tajikpress.com/2024/12/08/%d1%82%d0%b0%d2%9b%d0%b2%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d2%b3%d0%b8%d0%bd%d0%b4-%d0%b1%d0%be-%d0%b2%d0%b8%d0%bb%d0%be%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев