Даврони ҳукмронии Асад дар Сурия бо 54 сол, таърихи нави ин кишварро дод ва монанди ҳар ҳукмрони дигаре нуқтаҳои заъфу қуввати бисёре дорад.
Аз феврали 1971, ки Ҳофиз Асад, раёсатҷумҳурии Сурияро дар ихтиёр гирифт то декабри 2024, ки Башор Асад канор гузошта шуд, ҷамъан наздик ба 54 сол Асади падару писар бар Сурия ҳукмронӣ карданд. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ҳам омадани инҳо ва ҳам канор рафтани онҳо ба сабаби лашкаркашии низомӣ буд.
Дар ин гузориш, ба шакли кӯтоҳ ба бозхонии муҳимтарин фарозҳо ва таъсирҳои ҳукмронии ин афрод пардохта мешавад.
Поёни давраи кудатоҳо!
Баъд аз Ҷанги ҷаҳонии аввал ва фурӯпошии дастгоҳи хилофати Усмонӣ, кишвари Сурия дар соли 1920 таҳти қаймумияти Фаронса таъсис шуд, аз он замон то соли 1946 ва хуруҷи ниҳоии Фаронса ва истиқлоли Сурия, ин кишвар борҳо то марзи фурӯпошӣ, тағйири сохтори идорӣ, таҷзияи бахше қисматҳо (Лубнон ва Искандарун) ва… пеш рафт.
Аз соли 1946, ки «Сурияи мустақил» таъсис шуд, ин кишвар шоҳиди изтиробҳо, ҷангҳои хориҷӣ, кудатои дохилӣ ва… ва ҳатто «иттиҳоди хориҷӣ» буд ва дар соли 1948 бо таъсиси режими номшруи саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ, нахустин низоъҳои низомии хориҷиро таҷриба кард. Дар соли 1967 Сурия дувумин ҷанги хориҷии бузурги худро таҷриба кард, зимни инки тайи тамоми ин солҳо бо Туркия бар сари бозгардондани «Искандарун» ихтилоф дошт, ки ба даргирии низомии пароканда ҳам кашида мешуд.
Соли 1949 нахустин кудато ба вуқуъ пайваст, қатори кудатоҳо баъд аз он роҳ афтод ва то соли 1963 ҷамъан ҳафт бор кудатоҳои низомӣ боиси барчида шудани давлат шуданд! Ба инҳо бояд листи кудатоҳои шикастхӯрда ва кашфшударо изофа кард, ки теъдоди онҳо дурақамӣ аст, яъне ба таври миёнгин ҳар 30 моҳ як бор кудатои муваффақ рух медод ва тайи ҳар 5 сол як бор ҳадди ақал 3 кудато шикаст мехӯрд ё хунсо мешуд! https://tajikpress.com/2024/12/08/%d2%b3%d1%83%d0%ba%d0%bc%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d1%85%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d1%81%d0%b0%d0%b4-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев