Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстона дар Созмони Милали Муттаҳид бомдоди сешанбе гуфт, ки даргириҳои ҷадид дар шимоли ғарби Сурия боиси оворагии ҳудуди 50 ҳазор нафар шудааст.
Ба гузориши дафтар Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамоҳангии умури башардӯстона бомдоди сешанбе аз оворагии ҳудуди 50 ҳазор нафар дар пайи даргириҳои ҷадид дар шимоли ғарби Сурия хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише гуфт: «Вазъияти ҷо ба ҷоии овораҳо бисёр равон аст ва ҳамкорони мо рӯзона арқоми ҷадидеро таъйид мекунанд».
Дар ин гузориш омадааст: «То рӯзи 30 ноябр, беш аз 48 ҳазор ва 500 нафар овора шудаанд, ки ба таври қобили таваҷҷуҳе бештар аз 14 ҳазор нафаре аст, ки тавассути гуруҳ вижа дар умури оворагони дохилӣ дар 28 ноябр гузориш шуда буд».
Пеш аз ин, артиши Сурия бомдоди сешанбе эълом кард, ки пас аз даргириҳои шадид бо террористҳои такфирӣ, контроли комили минтақаи Ханозир дар Риф, ҷануби Ҳалабро ба даст гирифт. https://tajikpress.com/2024/12/03/%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев