Предыдущая публикация
Зане,ки шеваи сабре надорад,
Барояш зиндаги қадре надорад.
Ҳазорон панду андарзаш намои,
Тавони қатра аз баҳре надорад.
Намедонад,ки хоми кори хом аст,
Ки ҳар шаб чеҳраи бадре надорад.
Ба ақли хеш гар по мегузорад,
Ки хушбахти бале садре надорад.
Зи шаб то субҳ гар гуи ба гӯшаш,
Ғам аз бад кардаву қабре надорад.
Аё хоҳар насиҳат бас калидест,
Касе аз кори ту фахре надорад.
Лисони шоъири Рашти аду нест,
Таҳаммул меваи заҳре надорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев