* Тарҷумаи нома:
Барои Худованд шарике нагир; Чароки зулмӣ бузургтар аз ин нест. Ӯ офаринанда ва рӯзӣ диҳанда аст ва чархаи ҳаётро мечархонад. Ӯ қонунгузор ва ҳукмрон аст ва касе ҷуз Ӯ ин гуна нест. Танҳо аз Ӯ ҳоҷат бихоҳ ва танҳо ба номи Ӯ савганд бихур. Ба ғойиб истиғоса накун ва ба қабр дахил набанд. Ба дарахт мутавассил нашав ва ба санг паноҳ набар. Танҳо аз Худованд итоъат кун, яъне аз касе ки Ӯ ном бурдааст. Худованд барои ту кофӣ аст ва туро ба дигарӣ ниёзе нест. Аз Ӯ бар ҳазар бош ва эҳтиёт кун; Чароки қодир аст туро нобуд кунад. Дар баробараш ба некӣ сулук кун, мабодо бар ту хашм гирад ва туро бизанад, пас ба қаъри ҷаҳаннам партоб шавӣ. Хушнудиашро биҷӯй то туро бинавозад ва ба чизе ки мехоҳӣ бирасонад; Чароки ҳаргоҳ бо касе дӯстӣ кунад, ӯро ду дунё медиҳад ва ҳаргоҳ бо касе душман шавад, намедонӣ ки бо ӯ чи мекуанд! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2833/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев