Чанд руз қабл қазияи 25 000 сомонӣ ҷарима гаштани хоҳар Мижгона Ҳалимоваро бо қарори судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нурализода С.М. хонда хостам фикрамро оиди ин қарори ноадолатона ва мутаноқиз бо тамоми қавонини башарӣ иброз намоям.
Пушида нест, ки ҷарима гаштани хоҳари муҳаҷҷаба ва исломии мо давоми ҳамон маъракаи зидди диниву зидди исломиву зидди ҳиҷобии мақомоти қудратии Тоҷикистон мебошад.
Мижгона зане мебошад, ки танҳо як духтарчаи ҳафтсола ва модари пирашро нигаҳбонӣ мекунад. Маоши рузноманигориаш чизе бештар аз 600 сомонӣ муъодили 80 дуллори ИМА мебошад. Танҳо ба хотири мусоҳиба гирифтан аз муҳоҷире, ки баъди мусоҳиба хоки Руссияро ба қасди Сурия тарк намуда ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастааст бо баҳонаи хабар надодан аз ҷиноят маҳкум гаштааст.
Вале мо хуб медонем, ки инҳо ҳама баҳонаанд. Ягона гуноҳи Мижгона ҳамон мақолаи у бар зидди раиси Кумитаи кор бо занон бар зидди ҳиҷоб аст. Ҷое, ки раиси ин кумита хоҳарони муҳаҷҷабаи моро фоҳиша номид. Гуноҳи дигари ин хоҳари рузноманигор ва мудофеъи ҳиҷоби занон бо вуҷуди тамоми фишор берун наандохтани ҳиҷоб мебошад.
Мусалмон будан ё набудани ҷаноби Нурализода раисикунандаи мурофиаи судиро зери суол намебарам, зеро агар мусалмон мебуду имон ба рузи қиёмат медошт ҳатман фикри он рузро мекарду ин ҳукми ноодилона ва ғайриқонуниро намебаровард.
Суол ин аст, ки вақте ҷаноби Нурализода ин ҳукмро мебаровард фикр накард, ки ин зани муштипар бо як модари пиру духтарчаи ҳафтсола куҷо хоҳад рафт?
Ҷаноби Нурализода вақте ҳукмро содир мекард, фикр накард, ки у ҳам фарзанд дораду духтар дорад ва Худованди Қаҳҳору Ҷаббор ҳатман интқоми Мижгонаро хоҳад гирифт?
Ман аз тамоми бародарони мусалмони худ даъват мекунам Мижгона, ки бо қалами худ бар зидди беадолатӣ ва зургуӣ ҷиҳод кардааст имруз танҳо нагузорем.
Биёед даст ба дасти ҳам гузорему маблағи лозимаро ҷамъоварӣ намоему ба Нурализода ва амсоли онҳо нишон бидиҳем, ки мусалмон ҳеҷ гоҳ хоҳари худро танҳо нахоҳад гузошт.
Умедворам навиштаро бародарони мусалмон дар саҳфаҳояшон нашр хоҳанд кард.
Маблағи аввалинро мо (Худо қабул кунад) ба хоҳар ирсол намудем.
Ҳалимова Мичгона Искандаровна, тел: + 992 917 648855
ТЕЛЕФОН Барои тамос ва кумак ба ин хохари мусалмон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев