( Мақолаи якум).
Деҳаи Шинг яке аз қадимтарин деҳаҳои ноҳияи Панҷикат мебошад. Даҳҳо деҳаҳои ноҳия баромадаш аз деҳаи Шинг аст. Масалан, деҳаи Гезани Поён дар аввалҳои асри 19 ( баъди соли 1810) бо ба онҷо кӯчидани гурӯҳи чорводорон ва кишоварзон, ки заминҳои кишташон он ҷо буд, бунёд шудааст. Ҳамин тавр деҳаҳои Ровадин, Зебон, Филмандар ,Хумгарон, Бедак, Ҷомчашма, Хирсхона, Нови Чомоқ, Шингаки он тарафи дарёи Зарафшон, Равот, Варзи Канда, Шингаки Фароб, Боғча, Меҳробод, Саразм, Рогич, Зиндовуд, Сафедтеппа( Оқкутал), дар давраҳои гуногун бо онҷо рафтани мардумони кучӣ аз Шинг бунёд шудаанд. Инчунин мардуми Шинг дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Панҷакент, деҳаҳои Гусар, Баҳор , Мазори Шариф, Ғарибак, ( Озодагон) Заврон , Роҷ, Майкада, Амондара, Навобод, Маргедар , Рукнобод, Могиён, Фароб, Сор, Хурмӣ , Косатарош, Чорбог , С уҷина, Суфиён , Ургут, Шаҳри Сабз , Боғи Зоғон, Гишдарва, Рашнаи Поён, деҳоти Рашнаҳои Боло , Вишист, Миндона, Қумоқ, Андар, Нигнот, Сумак, Чуянтеппа, гузарҳои шингитаборон зиёданд.
Шояд аз ҳаминҷост, ки деҳаи Шингро Шинги Шариф ва дар як вақт саромади аксари деҳоти ноҳияи Панҷикат медонанд. То солҳои 30- юми асри гузашта дар деҳаҳои Рӯдак, Киштшудак, Нофин , Мосариф, Шингак хоҷагиҳои зиёде муқимӣ мезистанд. Баъди солҳои босмачигарӣ (1928 - 1933)одамон деҳаҳои номбурдаро тарк кардаанд ва дар он мавзеъҳои танҳо мавсимӣ зиндагӣ мекарданд.
Деҳаи Шинг дар ду соҳили дарёи Шинг доман паҳн кардааст. Гузаргоҳи ду соҳилро ҳафт пул мепайвандад. 1. Пули деҳи Мина, 2.Пули деҳи Боло, 3. Пули Сари Осиё, 4. Пули Теғаи Дунг, 5 Пули Осиёи Ғаффор , 6.Пули Беди Каҷ, 7. Пули Вагаштон. Инчунин аз доманаи куҳи Туро дарёи Бодгаҳ сарозер рӯ ба ҷониби қибла фаромада ба дарёи Шинг ҳамроҳ мешавад. Дар деҳаи Шинг ҳафт Осиё рӯи кор будааст. 1. Саросиё ( баъдҳо осиёби Пирназар),2. Осиёби Деҳи Боло, 3. Осиёби Замини Шер, 4. Осиёби Ғаффор, 5. Осиёби Вагаштон, 6. Осиёби Санги Лағҷон, 7. Осиёби Муҳаммадёр .
Дар деҳаи Шинг ҳашт масҷид амал мекард. 1. Масҷиди калон дар деҳи Қозиён , 2. Масҷиди деҳи Раҳмако, 3. Масҷиди Гузари Сӯфиён, 4. Масҷиди деҳи Боло, 5. Масҷиди деҳи Мобайн, 6. Масҷиди деҳи Поён, 7.Масҷиди Мулло Хоҷабобои Валӣ дар деҳи Бодгаҳ , 8. Масҷиди деҳи Вагаштон амал мекард. Ҳоло шаштои онҳо пой барҷо мебошанд. Дар назди ҳар кадом масҷид ҳуҷраҳои таълимӣ амал мекарданд, ки ба фарзандони халқ саводу илму дониш меомӯзонданд.
Дар деҳаи Шинг чор ҷувозхона мавҷуд буд, ки дар онҳо аз зағир, андов , ва дигар рустаниҳои равғандеҳ, равған истеҳсол карда мешуд. Чувозхонаи асосӣ дар маркази деҳа буд ки то солҳои 70 - уми асри гузашта, онҷо равған истеҳсол карда мешуд. Ҳоло танҳо як чувозхонаи обӣ дар назди Саросиё боқӣ мондааст.
Деҳаи Шингро аз атроф кӯҳҳо бо номҳои таърихӣ иҳота кардаанд. 1. Кӯҳи Туро, 2. Кӯҳи Рӯдак, 3. Кӯҳи Ковок, 4. Кӯҳи Монук, 5. Кӯҳи Ҳут, 6. Кӯҳи Лайс, 7. Кӯҳи Моҳ, 8. Кӯҳи Девор. Ҳамаи кӯҳҳои номбурда деҳаи Шингро муҳофиз ҳастанд.
Мавзеъҳои таърихии дар деҳаи Шинг мавҷуда, масҷидҳои номбурда, Чордараи Ҷевачӣ , ҳуҷраи мулло Хоҷабобои Валӣ дар деҳи Замини Шер, осиёбу ҷувозхона , меҳмонхонаи Пирназар дар деҳи Раҳмако, масҷиди болои Санги Мазор дар деҳи Мина , сангҳои таърихӣ санги Магал ( одамони маҳаллӣ онро санги Муғул ҳам мегӯянд)дар деҳи Боло, санги Мазор дар деҳи Мина, санги Лағҷон дар деҳи Теғаи Қозиён, Девонасанг дар деҳи Бодгаҳ, Чоҳи Зар дар паси кӯҳи Ҳут,
Шахи Зиндон дар паси кӯҳи Моҳ, кӯҳи Девор, кӯҳи Чилдухтарон ҳар ду дар пояи кӯҳи Туро, қалъаҳои Рӯдак, Нофин ва қалъаҳои таърихӣ- ривоятии Писар ва Духтар дар даромадгоҳи деҳаи Ровадин.
Ҳафт кули нозанин: Мижгон , Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак , Маргзор ва Ҳазорчашма ҳусну шукӯҳи деҳаи Шинг мебошанд. Дарёи Шинг аз ҳамин кулҳо сарчашма мегирад. Дарёи Ҳазорчашма, дарёи Нофин, дарёи Рӯдак, дарёи Бодгаҳ, дарёи Мосариф, дарёи Киштшудак ба дарёи Шинг мерезанд.
Дар деҳаи Шинг садҳо одамони номдор, соҳибилм, соҳибмулк ва бо давлат гузаштанд.
Арбоб Искандар, Арбоб Малла, Арбоб Ёдгор, Арбоб Амин мулкдорони асосии замони худ буданд. Заминҳои рӯйи дашт то Зевону Ченор заминҳои соҳили чапи Зарафшон то мавзеи Боғча, заминҳои Гезану Дашти Фароб, заминҳо ва чарогоҳҳои Рашнаи Боло то сарҳади Ҳисор мутаалиқ ба заминдорони номбурда буданд. Дар аввалҳои даврони Шӯравӣ ҳам ихтиёрдории ҳамин заминҳо ба мардуми Шинг дода шуда буд. Шомуродбой, Ҳакимбой, Давлатбой соҳиби молу амволи зиёд ва корхонаҳо хурд буданд.Қаландари Туқсабо,Ҷевачӣ, Мирзо Абдухолиқ, Мулло Абдусамад , Муҳаммадназар, Худоёри Мумин, Туробқули Абдусамад, Ҷурабек, Пирназар оқсақол, Хуҷақули Каримҷон, Муҳаммадраҳими Шароф , Холмуроди Муҳаммадназари Ашур, Абдуҷаббори Қаюм, Облоқули Шариф, Қори Мусо , Неъмони Муқбил, Аллаёров Давлатёр Бафоев Бурибой, Иноятов Убайдулло аз сиёсатмадорони замони худ буданд ва дар пешрафти деҳаи Шинг саҳми боризе гузоштаанд.
Мулло Абдусамад, мулло Сидиқ, мулло Содиқ , муло Соиб, муло Солеҳ,мулло Разоқбердии Ҷамол, Қозиҷалол, мулло Ғаффор, мулло Ҷалоллидин, мулло Азим, мулло Шароф, мулло Амин, мулло Савриқул, мулло Неъмат , мулло Қаҳор, мулло Иноят, мулло Расул , мулло Ботур, мулло Эшонқул, мулло Облоназар, Суфихалил , мулло Ғафур , мулло Ҷӯрабек, мулло Облоқул, мулло Илназар, мулло Аброр илми Қуръон ва шариатро хеле хуб фаро гирифта буданд. Қисми аз онҳо мадрасаҳои Самарқанд ва Бухороро хатм намуда буданд.
Дар кори бунёди мактабҳо ва таълими замони нав: Бафоев Бурибой, Содиқов Санақул, Муҳиддинов Муҳаммадшариф, Ҷураев Бомурод, Абдуҷаббор Қаюмов, Муҳаммадӣ Шарофов, Шарофов Қулмаҳмад Шарифи Холмирзо,шарофов Маҳмараҷаб Сафоев Истадқул, Норимов Мухтор, Ҳайдаров Холиқул, Холиқов Раҷабалӣ, Норов Шарифбой Султонов Баҳрӣ, раис Нуриддин , Султонов Хуҷақул, Баҳри Одина, Муқимов Абдуҳомид, Хоҷамов Фармон, Раҳимов Исмоил, Мирзомаҳмуд, Абулқосим, Ашуров Тоштемур, Ёров Бобораҷаб, Ёров Нарзулло, Бобоев Ёдгор, Шарифов Ҳотам, Ҷуракул Полвон, Ҳоҷӣ Ҷаборқул, Каримов Расулбердӣ, Мавлоноа Раҳмонқул, Ҷураев Мавлонқул, Самадов Муҳсин, Ҳоҷибойи Ниёз, Облоқул Ёқубов,Музаффар Бобоқулов, Қурбонмурод Қурбонов, Маҳкамтош Саидов, Сиддиқов Яхшибой, Насриддинов Бурибой, Ҷабборов Фаёз, Сангинов Шодибек, Шамсиддинов Зайниддин, Ғаффоров Абдусаттор , Каримов Султонқул, Туйчиқул Шомуродов Иноятов Убайдулло ва дигарон ки ному кори некашон дар хотири мардум аст ва хоҳад монд.
Занони номдори деҳаи Шинг:лёчитдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова, раиса Хосият Иброҳимова, коргари ҳукумат Буриой Бурҳонова, Гулҷаҳон Маҳмудова, Дониёрова Қамарой, Ғаниева Ойроҳат ному корашон беҳтарин ибрат аст.
Устоҳои чирадаст: усто Ғаффор, усто Бурҳон, усто Насриддин ,усто Маҳмуд, усто Расулбердӣ, усто Мӯъмин, усто Амриддин, усто Латиф , усто Бердӣ, усто Саидусмон, усто Нуръалӣ усто Самандар, усто Зуҳур дар хонасозӣ,духтани беҳтарин пойафзолҳо, беҳтарин устоҳои оҳангар дар тамоми водӣ буданд.
Шинг чанд боғи таърихӣ дошт: Боғи Қозӣ, Боғи Ғаффор,Боғи Муллонор, Боғи Муҳаммадназар, Боғи Шермуҳаммад, Боғи Абдул, Боғи Дуоба, Боғи Гулҷаҳон Нафас, Боғи Саросиё, Боғи Соҳил ( Боғи Мазор) , Боғи Ҳакимбой, Боғи Уроз, Боги Ёдгор, Боғи Мавлон, Боғи Аллон, ба Боғоти Шинг инчунин ҷуйи калоне гузошта шудааст, к деворҳои ҷой,,- ҷой боқӣ мондааст, ин ҷуй то осиёби Ғаффор мерафтааст ва он осиёро ки дар доманаи деҳаи Шинг будааст мегардонидааст ва чанд боғи дигар ки ҳар кадом 40 /50 садяк то чанд таноби дигар буда саршори дарахтони тут, чормағз, себ, амруд, гелос, зардолу , ток, ва анвои дигар буданд.
Инчунин Рӯдак, Нофин, Киштшудак, Мосариф барин мавзеъҳо низ боғоти калон доштанд. Ҳамаи ин мева коркад, хушк тиҷорат карда мешуд. Инчунин чор боғи бузург дар соҳили ШИНГДАРА байни деҳаҳои Филмандар ва Обрав ( Сӯҷина) будааст, ки баъдҳо онро Ҳоким Қаландар дар ихтиёр доштааст. Имрӯз ҳам он ном боқист, ки номи боғоти Чорбогро дорост.
Инчунин як зумра шоирон, ҳофизон низ барои мардумон эҷод кардаанд. Минбаъд дар мақолаҳои алоҳида дар бораи одамони бузурги деҳаи Шинг ва шингтаборони дигар деҳаҳо иншооллоҳ маводҳои мувофиқ пешниҳод мекунем.
Дар маънои лугавии калимаи Шинг ба забони Суғдӣ Шинг сабзазор аст .Ба забони Чинӣ Шинг ситора аст .Инчунин Шинг ҳамрешаи калимаи шанг- қашанг, устувор зебо аст.Ахиран Шинг номи як дарахти муқаддас аз оилаи садаву( сабда) доғ ( туғ ) дарахти Шунг замоне саросари ин мавзеъ шунгзор будааст. Дарахти шунг дар сароби дарёи Бодгаҳ дар соҳили дарёи Шинг, инчунин дар ҳафткул ягон ягон дида мешавад. Чубаш ниҳоят сахт, мавааш ба монанди меваи доғ, таъмаш ширин, талқоншаванда ва хурданбоб аст. Тана баргу пояи шунг ба садда ва доғ монанд аст. Дар ҷойи камоб ҳам меруяд ( чун дарахти доғ) .Ман варианти мавзеи зебо барои зиндагӣ хушоянд, серобу алаф, сабзазор будунашро дастгирӣ менамоям.
АҶАБ НЕ ДАР ИН НОМБАРКУНӢ БАЪЗЕ ОДАМОНИ САЗОВОР НОМБАР НАШУДА БОШАНД. МИНБАЪД БО МАДАДИ ШУМО ҲАМДИЁРОН ДАР ИН КОР РӮШАНӢ ХОҲЕМ АНДОХТ. БОЯД ГУРӮҲҲОИ "БУЗУРГОНИ ШИНГДАРА " ВА ДИГАР ГУРӮҲҲОИ НАВТАЪСИС АЪЗОЁНИ ФАЪОЛАШ БО ЧУНИН МАВОДҲО БАРОМАД КУНАНД. ИН ОҒОЗИ КОР АСТ. ТАЪРИХ ОДАМОНРО ТАРБИЯТ, РОҲНАМОӢ ВА ПЕШРАФТ МЕГАРДОНАД. ЧАШМУ ИЛҲОМИ МОРО ПЕШ АЗ ҲАМА ДОНИСТАНИ ТАЪРИХ ВА КОРНАМОИҲОИ АҶДОДОН МЕКУШОЯД.
Эҳсони Мурод.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев