Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми у мечакад зи боронхо
Дар дилам оламе ба дод омад.
Дар чунин кулбаи факирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кудаконаш ба хар кучо рафтанд,
Монда дар кунчи хонае танхост.
Шояд у бо умеди авфи гунох
Рамазон асту руза медорад?
Вакти ифтор чакчаки шибдор
Хеч бар гуши у намефорад?
Ё ки дар чонамози фарсуда
Зикри оллох мекунад дар дил?
Ё зи парвардигор мехохад,
Ки зи чаннат дихад варо манзил?..
Буд вакте,ки модари пирам
Тозару буд,милаи тар дошт.
Милааш дошт буи чурготи
Хайдарии хазинаи зар дошт.
Остини фарох то оринч
Барзада бо хазору як тадбир
Гуиё хакки кудаконашро
Меситонд аз каламкаши тагдир.
Субхгохон чу гов медушид
Пушти уро ба мехр молида.
Мефитод андаруни ширдуша
Милахояш зи шона лагжида.
Хар гахе дар танури бозудор
Кулчахои башир мечаспонд,
Сари мижгону абрувонашро
Лахчахои танур месузонд.
Ширбу дастхои у шабхо
Ба сарам нарм-нарм мелагжид.
Бесухан пилкхои чашми маро
Ба сари панчахош мемолид.
Чи кадар дар дилам таманно буд,
Лек аз соддаги намегуфтам.
Хамчунон дасти у ба руи дилам
Вассахоро шумурда мехуфтам.
Боз дар ин шабони борони
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Чакчаки шифт,.. шиддати борон...
Дар дилам оламе ба дод омад.
Модарам! Модари бихиштиям?!
Чои ту дар бихишт таъин аст,
Лек холо,ки мечакад бомат,
Ман надонам чи рузи сангин аст.
Модарам! Модари бихиштиям!
Нести ту аз он пушаймонхо!
Тирборон накушт агар моро,
Нест боке зи барфу боронхо!
Модарам! Модари бихиштиям!
Зиндаги гах ба хеш мегиряд.
Бар замин осмони бепоя
Гах ба холи пареш мегиряд.
Модарам! Модари бихиштиям!
Осмон боиси чи гирён аст?
Ашки ту бас набуд,ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев