Ассалому Алейкум Ва Раҳматуллоҳи ва Баракотуҳ бародарони азиз ва Хоҳарони меҳрубон, Ҳамасола мардуми мусулмон 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Як рӯзи пеш аз идро, ки 9-уми Зулҳиҷҷа аст, рӯзи Арафа мегӯянд. Аз субҳи рӯзи Арафа сар карда, то асри рӯзи сеюми баъди ид (13-уми Зулҳиҷҷа) пас аз ҳар намози фарзӣ, ки 23 вақт мешавад, такбири ташриқ гуфтан воҷиб аст:
«Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар. Ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар. Аллоҳу Акбар валиллоҳил ҳамд».
Танҳогузор низ бо садои паст ё худ бифаҳмад ин такбирро мегӯяд.
Рӯзи пеш аз ид ба зиёрати аҳли қабристон рафтан беҳтар аст, то ки ид бо ҳузури дил бигзарад. Субҳи ид барвақт аз хоб бархоста, ғусл карда, либоси тоза пӯшида, хушбӯӣ намудан суннат аст. Баъди адои намози бомдод то саршавии намози ид хондани намозҳои нафл ҷоиз нест. Аз ин рӯ, намозгузор то намозгоҳ такбири ташриқгӯён меравад. Агар дар Иди Рамазон чизе хӯрда, ба намозгоҳ рафтан мустаҳаб бошад, дар Иди Қурбон чизе нахӯрда, ба намозгоҳ рафтан беҳтар аст.
Дар намозгоҳ суханҳои беҳуда нагуфта, ба тиловати Қуръон ё амри маъруф гӯш бояд дод. Баъди баланд шудани офтоб намозхонон бо даъвати имом сафҳоро рост карда, бо ҷамоат ду ракаат намоз мегузоранд.
Нияти забони шарт ва муҳим нест! Муҳим ин аст ки Фақат дар вақти рафтан ба намозгоҳ дар қалбат ин бошад ки бо умеди аҷру савоб ва адо кардани воҷибе аз воҷиботи дин мерави.
Ин нияти забони барои шахсоне ки бори аввал ё тарзи адои намози идро намедонанд барои ҳамонҳо аст.
Нияти намози Иди Қурбон чунин аст: «Ният кардам бигзорам ду ракаат намози Иди Қурбон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст. Рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода. Холисанлиллоҳи таъоло».
Имом баъди намоз хутба мехонад. Дар вақти хутба хондан сухан нагуфта, гӯш ба хутба бояд дод. Сипас дуо карда, ҳама барои табрикоти ид ба назди аҳли оила ва хешу ҳамсоягон мераванд. Дар ин рӯз эҳтиёт бошад шуд, то ба исрофкорӣ ва пурхӯрӣ роҳ дода нашавад. Зеро баъзеҳо чунин ақида доранд, ки гӯё хӯрдани 7 қурбонӣ баробари як қурбонӣ кардан савоб дошта бошад. Ин сухан асосе надорад.
Дигар ин ки барои дастурхони идона ҳатман торту меваҳои қимматбаҳо харидан шарт нест, балки исрофкорист. Агар барои нахандидани дигарон қарз карда, дастурхони бодабдаба орояд, исрофкор мешавад. Худованд дар Қуръони маҷид исрофкоронро «бародарони шайтон» номидааст.
Бародарону хоҳарони азиз ҳамаи шуморо Бо омадани иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта ба шумо хоҳони имони комил тавбаи холисона қабули Ибодатҳо иҷобати Дуъоҳо мағфирати гуноҳон ва файзу баракат дӯстию бародарӣ бахшидани якдигар дасти кӯмак дароз ба ҳамдигарро аз Аллоҳи меҳрубон таманно дорам.
Омин.
Ҳамеша Дуогуи Шумо Азизони Дил Банда
Агар ягон савол ё нофаҳми бошад марҳамат пешкаш кунед иншоаллох бо қадри дониш посух мегӯем.
Бо умеди дуъои неки шумо ҳастем.
https://m.youtube.com/watch?v=Z_IAKL26rc0&itct=CBYQpDAYASITCISaz5KBxtYCFcGrTgodUR8M-1IK0LjRgdC70L7QvA%3D%3D&hl=ru&gl=US&client=mv-google
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев