Предыдущая публикация
Ғуссае дорам ба ҷон, ман донаму ҷонони ман
Дар китобе дарнамеғунҷад ҳадиси сӯзу соз,
Аз куҷо ояд илоҷи дарди бедармони ман?
Эй табиб, андешаам дар хотири роёна нест,
Ройгони ҷустуҷӯ дори ту аз исёни ман
Сурати зарби диламро хатти каҷмаҷҷе махон,
Ин ҳамон « Аллоҳ- Аллоҳ» аст дар бунёни ман
Инчунин таърихи бемори бароят ошност?
Нест нақши рузу шаб тақвимбаргардони ман
Бе такаллуф, бесадо, беҳарф, бевақту макон,
Метавони гуфтугу кардан ту бо имони ман?
Озарахшат лоиқи не гиряву не хандаест,
Бигзар аз чашму дили хандони ман, гирёни ман...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев