Ин бузургтарин хизмати Хоҷа Аҳрори Валӣ аст, ки тавонист фарҳанги форсии тоҷикиро аз як суқути азим нигоҳ дорад. Шайбониён дар низоми давлатдорӣ забони ӯзбакиро ҷорӣ карданд. Далели ин асноди вақфе мебошанд, ки дар замони темуриҳо ба тоҷикӣ ва дар замони Шайбониён ба ӯзбакӣ таҳия мешуданд. Аммо Шайбониён низ пеши қудрати Хоҷа Аҳрор сари таъзим фуруд оварданд ва баъди ба қудрат расидани манғитиҳо низ ҳеҷ кас ба моликияти ӯ дастдарозӣ накард. Як далели вуҷуди империяи фарҳангии тоҷикӣ аз Тошканд то Кобул низ маҳз низоме буд, ки Хоҷа Аҳрор ба вуҷуд овард.
Ҳамин тавр, Хоҷа Аҳрор намунаи барҷастаи тафаккури тоҷикист, ки барои амният ва рушд равона шудааст. Онро бояд омӯхт ва ибрат гирифт!...
Сӯфии асил
Аслан, сӯфӣ ҷаъливу аслӣ намешавад. Аммо мо дар замонае зиндагӣ мекунем, ки шинохтани марзи ҳақ аз ботил мушкил шудааст, бахусус, барои афроде, ки олим ва огоҳ нестанд. Наворҳое, ки аз саросари ҷаҳон дар бораи маҳофили ба ном сӯфиён имрӯзҳо нашр мешаванд, ҷузъ ҷаъл чизи дигаре беш намебошанд. Ё ин ҳама тасаввуфи ғайритоҷикист. Тасаввуфи тоҷикӣ чизе асилтар ва мондагортар аст. Ёдоварии танҳо Мавлонои Рум кофист. Кош, Тоҷикистон имрӯз як сӯфӣ медошт, ки аз баракаташ ин мулк файз мебардошт!
Хоҷа Аҳрор маҳсули як мактаби бузурге аст, ки аз Имоми Аъзаму Имом Ҷаъфари Содиқ то Имом Абуюсуфи Ҳамадонӣ ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд инқилоби маънавиеро дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд оварда буд. Хонаводае ҳам, ки Хоҷа Убайдуллоҳ, ё Хоҷа Аҳрор (таваллуд - 1404 - деҳаи Боғистони вилояти Тошканд, марг – 1490 – деҳаи Камонгарони Ургути Самарқанд) ба дунё омад, чеҳраҳои барҷастаи тариқати замони худро парварда буданд.
Аз падар бо Хоҷа Муҳаммади Номӣ, яке аз орифони маъруфи Бағдод пайванд дошт ва аз модар набераи Шайх Умари Боғистонӣ аст.
Муъҷизаҳоеро низ ба ӯ рабт медиҳанд: то 40 – рӯзагӣ пистони модарро ба даҳон нагирифта ва рӯзе, ки ба шарафи яксолагӣ мӯйсарашро мегирифтанд, Амир Темур мурд.
Дар 22 – солагӣ барои таҳсил ба Самарқанд рафт, аммо “ба ҷуз ду сафҳа наҳви арабӣ чизе беш наомӯхт”. Улуми ботинӣ (тасаввуф) – ро аз улуми зоҳирӣ (расмӣ) боло гузошт. Мегуфт, тасаввуф ҷавҳари фиқҳ, ҳадис ва тафсир аст. Ин айём дар маҳофили орифони барҷастаи давр Низомиддин Хамӯш ва Саъдуддини Қошғарӣ вақт гузаронд. Аммо бесавод набуд. Муаллифи чанд китоб, аз ҷумла “Фақароти аҳрория” ва “Валадия” аст. Донишу фаросатро ба ӯ на мадраса, балки Худо дода буд. Таърих донишманди зиёдеро дидаву ҳоло мебинад, аммо мисли Хоҷа Аҳрор кам инсонҳое буданд, ки бо фаросат худ таърих месохтанд.
Дар 24 - солагӣ ба ҷустуҷӯи пир роҳи Ҳиротро пеш гирифт. Бо Саид Қосими Анвор, Шайх Баҳоуддин Умар, Шайх Зайнуддини Хавофӣ – шайхони маъруфи Ҳирот зиёду шишту хест, аммо ҳеҷ касе ӯро кашф накард.
Он замон Мавлоно Яъқуби Чархӣ, яке аз халифаҳои Хоҷаи Бузург ё Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, асосгузори нақшбандия, дар деҳаи Ҳалағтуи Ҳисори вилояти Чағониён (имрӯза деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ) зиндагӣ мекард. Хоҷа Аҳрор аз Ҳирот пиёда ба назди ӯ омад.
Хоҷаи Бузург мегуфт: “Дасти ту дасти мост, ҳар кӣ дасти ту гирад, дасти мо гирифтааст”. Хоҷа Аҳрор се моҳро дар тарбияти Мавлоно Яъқуби Чархӣ гузаронд ва аз ӯ иршод, ҳаққи устодиро ба даст овард.
Нақшбандия ҷараёне буд, ки бар хилофи тариқатҳои дигар танҳо риёзату кунҷи хилватро шарти аввали тасаввуф, ё расидан ба Худо, намедонист, балки мегуфт: “Дил ба ёру даст ба кор”. “Наранҷидан ва наранҷонидан”, “ба бадӣ бо некӣ посух гуфтан”, “ҳамаро аз худ беҳтар ва худро аз ҳама камтар дидан” – ин ва дигар шиорҳо шеваи зиндагии Хоҷа Аҳрор буданд, аммо таърих гувоҳ аст, ки ӯ бо ин хоксориву шикастанафсӣ чӣ хизматҳои бузурге дар ҳаққи мардум кард.
Дар синни 29 – солагӣ Хоҷа Аҳрор ба Тошканд баргашта, ба деҳқонӣ машғул шуд. Ӯро “шайхи деҳотӣ” мегуфтанд. Аммо Худованд рисолат ва сарнавишти дигареро барояш рақам зада буд.
Сулҳовар
Замони фитнаҳои бузург буд. Империяи Темур миёни наберагонаш тақсим шуда, онҳо даст ба гиребони ҳамдигар зада буданд. Аз ин кашмакашҳо халқи оддӣ зиён медид. Аз ҷумла, фитнаи бузурге пас аз соли 1449, вақте шоҳзодаи темурӣ Абдулатиф падараш Улуғбекро кушт, сар зад. Шаш моҳ пас ӯро Бобо Ҳусайн ном фармондеҳи Улуғбек кушт ва писари бародари ахирӣ – Мирзо Абдуллоҳро ба тахти Самарқанд шинонд. Соли 1451 темурии дигар Султон Абӯсаид бо кӯмаки ӯзбакҳо аз Тошканд ба Самарқанд юриш карда, Мирзо Абдуллоҳро қатл кард ва ба тахт нишаст.
Хоҷа Аҳрор, ки дар ғайбаш Ҳазрати Эшон низ мегуфтанд, дар зодгоҳаш Боғистон нишаста, вазъи минтақаро муроқибат мекард. Ӯ ба чунин хулоса омад, ки аз ҷангҳо миёни наберагони Темур мардуми оддӣ ҷабр мебинанд ва вақти иқдом расидааст. Куштори Улуғбекро як тасодуф намедонист. Мегуфт, набераи Темур бо иттифоқи шайхулисломи Самарқанд Хоҷа Исомиддин бар Низомиддини Хамӯш, шайхи ростин зулму беэҳтиромӣ кард ва ҷазои худро гирифт. Бархе аз ин суханони Хоҷа Аҳрор хулоса карда буданд, ки ӯ дар марги Улуғбек даст дорад, аммо ӯ дар Тошканд буд ва куштор ҳеҷ гоҳ шеваи кори ӯ буда наметавонист.
Ӯ як бор ба даргоҳи Мирзо Абдуллоҳ омад ва аз ӯ хост, ки аз адолату шариат кор гирад. Ахирӣ Хоҷаро писанд накард. Ҳазрати Эшон ба Тошканд баргашт. Султон Абӯсаид, баръакс, дар симои Хоҷа Аҳрор пуштибонӣ қавиеро медид, аз ин хотир, аз ӯро аз Тошканд ба Самарқанд овард ва ягона темурии замонаш шуд, ки дар он замон бо марги худ мурд. Ва Хоҷа Аҳрор буд, ки дар чанд марҳалаи ҳассос ҷони ӯро харид.
Тасаввуф ва сиёсатро якдигарро қабул надоранд. Ҳарду якдигарро инкор мекунанд, аммо дар марҳалаҳои муҳими таърих шайхони бузург дахолат ба сиёсатро амри ҳатмӣ меҳисобанд, зеро сухан дар бораи сарнавишти инсоният меравад. Замоне, ки Хоҷа Аҳрори Валӣ зиндагӣ мекард, айни чунин вазъ буд. Ҳазрати Эшон мегуфт, вазифаи аввали шайхони тариқат гирифтани дасти мардуми ранҷур аст, на ба риёзати дарвешӣ нишастан. Боз мегуфт, подшоҳ бояд чунон ҳиммат дошта бошад, ки “тамомати муслимин дар роҳат бошанд”. Ҳамчунин мегуфт: “ҳар кӣ дар дили мусулмоне ғам корад, ғам бардорад ва шодӣ корад, шодӣ бардорад”. Ба подшоҳон мегуфт: “бояд, ки аз рӯзи завол андешид ва мулоҳизаи аҳволи раоё кунанд, ки ба ҳасби ҳақиқат сабаби вусули саодати салтанат ва ҳукумат раоё ва фуқароанд”
Аммо Ҳазрати Эшон бар ин буд, ки мардум ҳатман итоати подшоҳро ба ҷой оранд ва барои ин бояд мутадаййин ва имони қавӣ дошта бошанд. Мегуфт, “агар саг (халқ – муаллифи ин матлаб) ба инсон ҳамла кунад, соҳибаш (Худо) – ро бояд хонд” ва як қиссаеро ҳам меорад: Як нафарро 99 дарра заданд, “воҳ” нагуфт, аммо бори 100 – ум фарёди ҷонгудоз баровард. Чаро? То чӯби 99 фикри ӯ бо Худо банд буд, дафъаи 100 – ум Худо аз фикраш рафт.
Хоҷа Аҳрор ба ҳамин андешаҳо миёнарави мардум ва ҳокимон шуд. Манфиати мардум пеши подшоҳон ва манфиати подшоҳонро миёни мардум ҳимоят мекард.
“Ҳукумати 40 – солаи Улуғбек ба охир расид, ҳукумати 40 – солаи Хоҷа Аҳрор шуруъ шуд”. Ин суханони В. Бартолд, муаррихи рус айни воқеият буданд. Ин 40 сол як давраи орому осуда барои мардуми Самарқанд ва дар умум Мовароуннаҳр буд, дар ҳоле ки дар гирду атроф ҷангҳои миёни Темуриён дар авҷ буданд. То Хоҷа Аҳрор зинда буд, нагузошт, ки шоҳзодаҳои темурӣ Самарқандро ба хоку хун кашанд.
Дар “Рашаҳот” аз се фитнаи бузурги он замон нақл мешавад, ки бо дахолату миёнҷигарии Хоҷа Аҳрор хунсо шуданд ва далели “худкомагии сиёсӣ” – и ӯ мебошанд.
Аввал, соли 1454 бародари Улуғбек – Мирзо Бобур ё Бойсанғур Мирзо Шоҳрух , ки ҳокими Хуросон буд, бо сад ҳазор марди ҷангӣ Самарқандро муҳосира карда, ҳушдори Хоҷа Аҳрорро дар бораи ин, ки аз раъйаш баргардад, нодида гирифт. Хоҷа Султон Абӯсаидро, ки мехост фирор кунад, ба тарсуӣ сарзаниш кард ва гуфт, ман илоҷи ин корро хоҳам рафт. Вақте неруҳои Мирзо Бобур ба Самарқанд даромаданд, ба муқовимати шадиди мардум бо сарварии Хоҷа Аҳрор рӯбарӯ шуданд ва мардум ҷумлаи онҳоро гӯшу бинӣ бурид. Мирзо Бобур шармандавор шикаст хӯрд. Хоҷа Аҳрор ба ӯ гуфт, аз падарат Шоҳрух зиёд некӣ дидаем, вагарна коратро ин ҷо ба анҷом мерасондем.
Дуввум, соли 1470 Султон Маҳмуд, ҳокими Ҳисор ба қасди ҷони бародараш Абусаид ба Самарқанд омад. Шаҳрро муҳосира кард ва низ ҳушдори Хоҷа Аҳрорро писанд накард. Лашкари бузурги Султон Маҳмудро як урдуи хурди самарқандиҳо, аммо бо “иттифоқ” – и офатҳои табии ногаҳонӣ, назири тӯфон ва кӯчиши замин мағлуб намуд. Султон Маҳмуд фирор кард ва Султон Абӯсаид, ки дар як ҳуҷраи мадраса пинҳон шуда буд, ба тахт баргашт.
Сеюм ва бузургтарин корнамоии Хоҷа Аҳрор оштӣ миёни се писари Султон Абӯсаид дар даҳаи 80 – и асри 15 аст. Бародарони хурдӣ – Султон Маҳмуд ва Султон Умар Мирзо, ки дар Фарғонаву Мовароуннаҳр подшоҳӣ мекарданд, алайҳи бародари калонӣ – Султон Аҳмад, ҳокими Самарқанд лашкар кашиданд. Муҳорибаи онҳо бояд дар маҳалли Оққӯрғони музофоти Шоҳрухия ба вуқуъ пайваст. Хоҷа Аҳрор, ки он замон пир шуда буд, ин се бародарро сари як дастурхон нишонда, байнашон сулҳ кард. Танҳо Тошкандро дар ихтиёри бародари хурдӣ Султон Умар Мирзо гузошт.
Ба ҷуз ин се ҳодиса шайхи бузург ва сулҳовар аз ҷандин шӯришҳо дар Самарқанд ҷилавгирӣ кард, то мардум осуда зиндагӣ кунад, аммо мушкили онҳоро бо подшоҳон ҳамеша ба миён мегузошт ва ҳал мекард.
Яке аз дастовардҳои ӯ лағви андози тамғо ё тамға буд, ки шахсан аз ҷониби Чингизхон барои косибон ва тоҷирони Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Русия, Ховари Наздик ва Миёна ҷорӣ шуда буд. Хоҷа Аҳрор вориси Абӯсаид - Султон Аҳмадро муътақид кард, ки аз он даст кашад. Дар Эрон ин навъи андоз соли 1565 лағв шуд, аммо бо кӯшишҳои Хоҷа Аҳрор онро дар Самарқанду Мовароуннаҳр ҳанӯз 100 сол пеш аз миён бурданд.
Бино ба ахбори “Рашаҳот”, дар Самарқанд 12 тамғочӣ аз ҳисоби ҷамъоварии тамғо нафъи зиёд медиданд ва ба хотири аз нав барқарор кардани он мансабдорони Султон Аҳмадро ришва дода, ӯро моил ба таҷдиди ин навъи андоз намуданд. Ҳазрати Эшон ин хабарро шунида, ба қаҳр меояд ва мегӯяд: “Ҳазрати Хоҷа Баҳоуддин муддате ҷаллодӣ мекарданд, мо ҳам аз шогирдони эшонем”. Вақте Султон Аҳмад аз ин ҳушдори Ҳазрати Эшон хабар меёбад, аз раъяш бармегардад. Як тамғочӣ ҳам огоҳ шуда, тавба мекунад. Ҳамон шаб 11 тамғочии дигар якбора мефавтанд.
Ровиёни ин хабар бар инанд, ки тамғончиён аз дуои Хоҷа Аҳрор фавтидаанд. Дигар ин, ки онҳо тоҷир набуданд, гандумфурӯшӣ ҳам намекарданд ва ин даъво дуруғи маҳз аст. Ҳарчи ҳам набошад, Хоҷа Аҳрор аз ин вазнинӣ мардумро наҷот дод, зеро тамғо ё тавре мегуфтанд, “ситамномаи Чингиз”, ба рушди косибӣ ва тиҷорат халал мерасонд ва барои ҳамеша аз байн бурда шуд.
Сармоядори бузург
Кори дигаре, ки хилофи анъанаҳои суфиён Хоҷа Аҳрор кард, такя задан ба қудрати молӣ буд. Ҳазрати Эшон аз рӯи принсипҳои зиндагиаш ба ин дарк расида буд, ки дар фикри мардум будан кам аст, бояд мушкилоти ӯро бевосита ҳал кард.
То ба ҳол устураҳои зиёде миёни мардум сайр доранд, ки бар сарвати беҳисоби Хоҷа Аҳрор ишорат мекунанд. Ин муаррифии ӯ то ҷое ба шахсияташ ҳамчун пешвои тариқати нақшбандия низ соя афканда, барои онҳое, ки аз воқеият огоҳӣ надоранд, “худкомагии иқтисодӣ” менамояд. Ҳар кӣ аз дилу нияте, ки дошту дорад, ин мавзӯро шарҳ медоду медиҳад, аммо воқеияти таърих дигар аст.
Теъдоди замин ва дар умум ҳаҷми сарвати Хоҷа Аҳрор ҷое дақиқ муайян нашудааст. Омори мухталиф дар ин бора вуҷуд дорад. Дар “Рашаҳот” омадааст, ки Хоҷа Аҳрор 1300 мазраа ё замини кишт дошт. Танҳо дар Қаршӣ 3000 қитъаи замин дошт, ки ҳудуди 6 ҳазор гектарро ташкил мекард. Дар Самарқанд 7,5 ҳазор гектор, дар Бухоро 250 ва Тошканд 41 мазраа - замин дошт. Ба ҷуз замин, Хоҷа Аҳрор дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Андиҷон, Сайрам ва Кобули Афғонистон соҳиби дӯконҳо, муассисаҳои косибӣ, осиёб, боғу хона ва дигар амволи ғайриманқул буд. Дар умум, дар ин паҳно 400 замин, 64 деҳа, 30 боғи беруназшаҳрӣ, 11 хонаи шаҳрӣ, даҳҳо дӯкони косибиву тиҷоратӣ, тиму осиё ба Хоҷа Аҳрор тааллуқ доштанд.
Бархе муаррихон менависанд, ки Хоҷа Аҳрор аз моликияташ ба хазинаи давлат андоз намедод, аммо ин даъво сиҳат надорад. Дар “Рашаҳот” омадааст, ки Ҳазрати Эшон ба хазинаи Султон Аҳмад 80 ҳазор ман гандум, ё даҳяки ҳосили заминҳояш дар Самарқандро ушр медод. Дар “Маноқиб” аз қавли Султон Аҳмад омадааст, ки Хоҷа Аҳрор боре ба ӯ 10 ҳазор тангаи нуқра хироҷ фиристодааст. Султон Маҳмуд пас аз марги Хоҷа Аҳрор 500 ҳазор танга ё даҳяки меросашро, ки 5 миллион танга ҳисоб шуд, аз худ кард.
Вақфномаҳое, ки аз амволи Хоҷа Аҳрор то рӯзҳои мо расидаанд ва мавриди омӯзиши муаррихони руси то Инқилоби Октябру баъд аз он шудаанд, то ҷое ба роҳҳои сарватманд шудани ӯ рӯшанӣ меандозанд. Бино ба онҳо, Хоҷа Аҳрор моликияташро аз деҳқонон, заминдорон, аъёну ашроф, косибон, хоҷаҳо, сайидҳо, шайхҳо ва ғайра ё мехарид, ё туҳфа мегирифт. Дар санадҳои таърихӣ ин нукта низ зикр мешавад, ки дар замони қаҳтиву хушксолӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ деҳқонон ба таври дастаҷамъӣ “худро ба Ҳазрати Эшон мефурӯхтанд”. Аммо ин ба маънои он набуд, ки Хоҷа Аҳрор онҳоро ғулом ё тобеи худ мекард. Ислом ғуломдориро манъ карда буд ва Хоҷа Аҳрор, як сӯфии бузург ва пешвои тариқат, ин иҷозаро ба худ дода наметавонист, ки мусалмононро ғулом кунад. Он замон танҳо ҳиндуҳо дар Самарқанду Бухоро ғуломӣ мекарданд. Бино ба маълумоти “Маноқиб” ва “Рашаҳот”, Ҳазрати Эшон агарчи замин ё дигар амволи ғайриманқулро харидорӣ мекард, онҳоро ҳамоно дар ихтиёри соҳибонашон мегузошт, ба истилоҳ, иҷорадиҳанда буд, аммо қисмати асосии даромадро ҳамон соҳиби замин мегирифт.
Хоҷа Аҳрор даромадҳои “империяи иқтисодӣ” - ашро низ огоҳона ва ба мақсадҳои муайян харҷ мекард. Қисмати бузурги даромадҳо барои сармоягузории мадрасаҳо – мактабҳои он замон, масҷидҳо, маоши устодону имомони масҷид ва ходимони онҳо харҷ мешуд. Бақияи даромадҳоро барои кӯмак ба мардуми фақир сарф мекард. Як далели эҳтиром ва устураӣ шудани шахсияти Хоҷа Аҳрор низ ин аст, ки соҳибкори муваффақ, аммо шикастанафс буд, худ харҷи зиёд надошт ва даромадҳояшро барои некуаҳволии мардум сарф мекард. “Шарт нест, ки сӯфӣ нодор бошад, муҳим аст, ки ба сарваташ дил набандад” - мегуфт Ҳазрати Эшон.
Ӯ милкашро ба номи худ расмӣ мекард. Дар асноди боқимонда навишта шудааст, ки ин моликият пас аз ӯ ба ворисони мардаш ба мерос мемонад, аммо ҳамеша дар ҳоли будану набудани ворис даромадҳои милки ӯ бояд харҷи масорифи мадрасаву масҷид ва бенавоён шавад. Моликияти ӯ ба писаронаш – Муҳаммад Абдуллоҳ ва Муҳаммад Яҳё васият шудаанд ва дар навбати худ инҳо ба фарзандони худ васият мекарданд.
Вақфномаҳои боқимонда аз асри 16 шаҳодат медиҳанд, ки пас аз марги Хоҷа Аҳрор ва ба қудрат расидани Шайбониён моликияти ӯро соҳибони қаблиашон аз худ кардаанд, аммо қозиҳо дар баҳсҳои додгоҳӣ онҳоро ба писарону наберагонаш баргардондаанд. Абдулатиф, шоҳи Шайбонӣ соли 1544 ба қозикалони Самарқанд мегӯяд, ки моликияти Хоҷа Аҳрор ба пасмондагонаш баргардонда, аз ҳамаи андозҳо озод карда шавад, зеро “қудрати шоҳ аз таваҷҷӯҳи шайхҳо поянда мешавад”.
Муаррихони рус менависанд, ки дар асри 19 аз вақфи Хоҷа Аҳрор ҳудуди 100 ҳазор рубл даромад меояд ва онро 500 вориси ӯ тақсим мекунанд.
Ҳомии миллат
Ин як руҷуи кутоҳ ба шахсияти Хоҷа Аҳрор, тоҷики бузурге буд, ки дар асри фитнаҳои бузург ба ҳимоят аз мардуми оддӣ сар баланд кард ва рисолати худро ба ҷой овард. Пас аз Хоҷа Аҳрор даҳ сол нагузашта, ҳукуматҳои темурӣ аз дасти Шайбониҳо суқут карданд.
Аммо низомеро, ки барои сармоягузории мадрасаву масоҷид бунёд ниҳода буд, то Инқилоби Октябр амал кард. Ин бузургтарин хизмати Хоҷа Аҳрори Валӣ аст, ки тавонист фарҳанги форсии тоҷикиро аз як суқути азим нигоҳ дорад. Шайбониён дар низоми давлатдорӣ забони ӯзбакиро ҷорӣ карданд. Далели ин асноди вақфе мебошанд, ки дар замони темуриҳо ба тоҷикӣ ва дар замони Шайбониён ба ӯзбакӣ таҳия мешуданд. Аммо Шайбониён низ пеши қудрати Хоҷа Аҳрор сари таъзим фуруд оварданд ва баъди ба қудрат расидани манғитиҳо низ ҳеҷ кас ба моликияти ӯ дастдарозӣ накард. Як далели вуҷуди империяи фарҳангии тоҷикӣ аз Тошканд то Кобул низ маҳз низоме буд, ки Хоҷа Аҳрор ба вуҷуд овард.
Ҳамин тавр, Хоҷа Аҳрор намунаи барҷастаи тафаккури тоҷикист, ки барои амният ва рушд равона шудааст. Онро бояд омӯхт ва ибрат гирифт!
Далери Хайруллоҳ
Маводи мазкур дар рӯзномаи " Нигоҳ", N 49, аз 04.03.2015 интишор ëфтааст
АКС: Деҳаи тоҷикнишини Боғистон
Зодгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистону Қирғизистон дар оғӯши кӯҳҳо ҷойгир шудааст. Ин деҳа зодгоҳи бисёре аз бузургони олами ислом ба ҳисоб меравад, яке аз онҳо Хоҷа Аҳрори Валӣ (1404 - 1490) мебошад. Сиёсатмадори тоҷик Раҳматулло Зоҳиров низ зодаи ин деҳа аст.
Ҳабиб Саид - ДУШМАНИ №1 ТОҶИК - ВИРУСИ М - ПДФ https://drive.google.com/file/d/1SujUARB68OovJc13H_Dpb3hXMXlPjS4E/view HABIB SAID - НАСР - ПРОЗА https://nasriman.blogspot.com/ HABIB SAID - ЭССЕ https://iskich.blogspot.com/ Habib Said - YouTube https://youtube.com/@Habib_Said Habib Said - Telegram https://t.me/hsl53 Хабиб Саид - Рутуб https://rutube.ru/channel/26224507/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев