Ҷавондухтар: Албатта мумкин аст! Писар: Хохарам худро муарифи кунед аз кучоед номатон чи аст? Ҷавондухтар: Ман Ҳавое ҳастам, ки аз қабурғаи мард халқ карда шудам, то озораш надиҳӣ ва фаромӯш накун, ки вай як ҷузъи ту аст. Ман касе ҳастам, ки Худованд маро барои ту бахшид ҳангоме, ки ту аз ҷаннат гирякунон хориҷ шудӣ ва ҷӯёи касе будӣ, ки дар ҳолати сахтӣ дастгирӣ ту бошад. Ман модару хоҳар ва ҳамсари ту ҳастам, ки хонаи туро посбонӣ мекунад. Ман сураи Нисо, Муҷодала, Нур, Талоқ ва Марям ҳастам. Ман касе ҳастам, ки ҳангоми модар шуданам ҷаннат дар зери қадамҳоям аст. Ман касе ҳастам, ки Худованд аз моли ту ба ман нисфи меросро бахшид, на аз ҷиҳати сабукшуморӣ балки ба хотири он, ки ҳамаиумури зиндагии ман бар уҳдаи ту буд. Ман касе ҳастам, ки Паёмбари гиромӣ фармуданд бо занҳоятон муъомилаву зиндагии хуб дошта бошед. Ман касе ҳастам, ки Худои ман дар ҳаққи ман гуфтааст: Эй зан, бихӯру биёшом ва шодмон бош. Ман касе ҳастам, ки агар солеҳа бошам пас аз ҳазор марди носолеҳ беҳтар ҳастам. Агар касе ҳастӣ, ки аз пайи дилхушиву саргармӣ ҳастӣ пас ба сафҳаҳои дилхушиву саргармӣ ворид шав. Ман ва монанди ман ҷавондухтарон барои баланд бардоштаи калимаи Ло Илоҳа иллалоҳ ва нашр кардани ҳадисҳои Расулаллоҳ ва адаб додани ту ва монанди ту барин ашхос истифода мекунем. Пас ту кӣ ҳастӣ бародари муҳтарам??! Ҷавоби ҷавонписар дар ду калима: Ман тавбакунанда ба сӯи Худо ҳастам ва хушо ба ҳоли модаре, ки туро тарбият намудааст...
https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Хуш ба холи Чунин
Духтарони пок вичдон
Аллоху Акбар