(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Аммо баъд яқинан беҳтарин сухан китоби Аллоҳ аст ва беҳтарин равиш, равиши
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст ва бадтарин корҳо, корҳои навпайдо (дар дин) мебошанд ва ҳар навпайдо (дар
дин) гумроҳист. (Саҳеҳи Муслим/1435, лафзи ҳадис ӯрост. Саҳеҳи Бухорӣ аз Абдуллоҳ/6735. Муснади Аҳмад /14387. Ва ғайра).
Ҳамин ҳадис дар назди Имом Насоӣ, Ибни Хузайма ва баъзе дигар ба чунин зиёдат омадааст: Ва ҳар гумроҳӣ дар оташ аст.
(Сунани куброи Насоӣ/1786. Саҳеҳи Ибни Хузайма/1785. Ва ғайра). Ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо): Аз Оиша (разияллоҳу анҳо)
ривоят аст, ки Пайғомбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ҳар ки дар дини мо чизи нав оварад, ҳамон бидату номақбул
аст. (Саҳеҳи Бухорӣ/2499. Саҳеҳи Муслим/3242. Муснади Аҳмад/26860. Сунани Абу Довуд/4606. Ва ғайра).
Дар дигар ривоят назди Имом Муслим чунин омада аст: Ҳар кас коре кунад, ки баробари дастури мо набошад, он кор мардуду
номақбул аст. (Саҳеҳи Муслим/3243. Муснади Аҳмад/25511. Сунани Дорқутнӣ/4537. Саҳеҳи Бухорӣ таълиқан /ҷ,22.с,332. Ва
ғайра). Ҳадиси Ирбоз ибни Сория (разияллоҳу анҳу): Аз Абу Наҷиҳ Ирбоз ибни Сория (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Пайғомбар
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро панд дод, панде ки дилҳо аз он тарсид ва чашмҳоро ашк овард. Гӯфтем: Эй Расули Аллоҳ!
Чунин менамояд, ки ин панди видоӣ (охирӣ) аст, пас моро васият кун! Фармуд: Шуморо ба тарси Аллоҳ таъоло ва
фармонбардорӣ аз амир худ васият мекунам, агарчи ғуломе бар шумо амир шавад, зеро касе ки аз шумо боқи монад ва умри
дароз бинад, бисёр ихтилоф хоҳад дид. Шуморо ташвиқ медиҳам ба гирифтани роҳи худ ва роҳи халифаҳои рошиди ҳидоят
шуда, ин васиятро бо ин дандонҳои ақли худ бигиред! Ва шуморо аз роҳҳои нав, ки баробар бо роҳи ман ва халифаҳои ман
нестанд ҳазару бим медиҳам. Зеро ҳар навпайдо (дар дин) бидат аст ва ҳар бидат гумроҳист. (Муснади Аҳмад ибни
Ҳанбал/17184. Сунани Тирмизӣ/2676. Сунани Абу Довуд /4607. Сунани Ибни Моҷа/ 46. Сунани куброи Байҳақӣ / 20125. Ва ғайра.
Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ раҳимаҳуллоҳ дар ҷомеи худ баъд аз ривоят ҳасану саҳеҳ гуфтааст/ҷ,4.с.341. Низ Шуайб Арнаут ва
Албонӣ онро саҳеҳ гуфтаанд) Дини Ислом ва шариати муҳаммадӣ, ҷониби мухолафату дурӣ аз кофирону мушриконро хеле
аҳмияти бузург дод, мӯъминонро ба сурати куллӣ аз мушобаҳату худмонандӣ ба кофирон дар тамоми гӯфтору кирдор, шадидан
манъ намудааст. Тавре ки дар зер дар рушнои далелҳо ошкор хоҳад шуд. Бинобар ин шахси мусалмон худдорӣ намояд аз анҷом
додани гуфтору кирдоре, ки сабаби мушобиҳату монандӣ ба кофирону бединон мегардад. Акнун баёни далелҳо бар мухолифат
бо кофирон:Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу наҳумо): Касе худро бо қавме монанд месозад, аз ҷумлаи онҳо аст. (Сунани
Абу Довуд/4031. Мусаннафи Ибни Абӣ Шайба/33687. Муснади Баззор/2966. Ва ғайра. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар санадашро ҳасан
гуфтааст “Фатҳул борӣ/ҷ,10.с, 271”. Шайхул Ислом санади онро ҷаяид гуфта аст “Фатовои кубро/ҷ,2.с,489”).
Шайхул Ислом ибни Таймия раҳимаҳуллоҳ мефармояд: Муроду тақозои ҳадис ин аст, ки камтарин дараҷаи гуноҳ дар сурати
мушобаҳат бо кофирон ҳарому гуноҳи кабира аст. Агарчи зоҳири ҳадис бар ин аст, ки шахси мушобиҳат кунанда бо кофирон
кофир аст. Тавре ки дар сураи Моида ояи 51 омадааст: Ҳар ки аз шумо бо онҳо дӯстӣ кунад, он ҳам аз ҷумлаи онҳо мебошад.
(Иқтизоу сиротул мустақим/ҷ,1.с,270). Низ Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу наҳумо: Аз Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу
наҳумо ривоят аст, ки Пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: Бо мушрикҳо мухолафат кунед, ришҳои худро гузошта
дароз кунед ва муй лабҳои (бурутҳои) худро кутоҳ кунед. (Саҳеҳи Бухорӣ /5442, лафзи ҳадис ӯрост. Саҳеҳи Муслим/625. Сунани
куброи Байҳақӣ / 6015. Ва ғайра).Ҳадиси Абу Ҳурайра разияллоҳу наҳу: Аз Абу Ҳурайра разияллоҳу наҳу ривоят аст, ки
Пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: Муй сафедро тағир диҳед (яъне бо ранг) ва худро бо Яҳуд монанд насозед.
(Муснади Аҳмад/4536. Сунани Тирмизӣ/1752, лафзи ҳадис ӯроят. Сунани Насонӣ/4986. Саҳеҳи Ибни Ҳиббон/5473. Шуайб Арнаут
санади ин ҳадисро ҳасан гуфта аст “Таълиқ бар Саҳеҳи Ибни Ҳиббон /ҷ,12.с, 287”).
Дар назди Имом Аҳмад ва Ибни Ҳиббон бо лафзи зиёдат омадааст: Яъне бо Насрониҳо низ худро монанд насозед.
Имом Тирмизӣ раҳимаҳуллоҳ баъд аз ривояти ҳадис, низ ривояти онро ба сӯӣ чанд саҳобе нисбат дода, он ҳадисро саҳеҳ ҳукм
мекунад, тавре мефармояд: Дар ҳамин боб аз Зубайр, Ибни Аббос, Ҷобир, Абу Зар, Анас, Абу Рисма, Ҷаҳдама, Абу Туфайл, Ҷобир
ибни Самура, Абу Ҷуҳайфа ва Ибни Умар ин ҳадис собит аст. Ҳадиси Абу Ҳурайра ҳасану саҳеҳ аст. (Сунани Тирмизӣ/ҷ,3.с.
284).Низ Ҳадиси Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу: Аз Абу Ҳурайра разияллоҳу наҳу ривоят аст, ки Пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва
саллам фармуд: Яҳуду Насоро ришҳояшонро ранг намекунанд, пас шумо онҳоро мухолафат кунед. (Саҳеҳи Бухорӣ /5448, лафзи
ҳадис ӯрост. Саҳеҳи Муслим/3926. Муснади Аҳмад/7272. Сунани Абу Довуд/4203. Сунани Насоӣ/9342. Сунани Ибни Моҷа/3621.
Саҳеҳи Ибни Ҳиббон/5470. Сунани куброи Байҳақӣ/14588. Ва ғайра).
Хулосаи масъала: Дар ин бора аз китобу суннат хеле далелҳои бисёр аст, вале марому мақсади ҳамаашон ин аст, ки бояд шахси
мусалмон дар тамоми кирдори худ аз мушобиҳату монанди бо Яҳуд Насоро ва дигар мушрикону кофирон худдорӣ намуда ба
онҳо мушобаҳат накунад. Тавре, ки мебинем Пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамеша уммати худро аз пайраӣ ва монанд
кардан бо мушрикону кофирон бим ва тарс медиҳад, хусусан Яҳуду Насоро. Тавре дар дигар ҳадис дар мақоми мазаммат бар
пайравӣ бо Яҳуд Насоро хитоб ба уммати худ карда фармудааст, ки ҳар оина шумо роҳҳои касоне ки пеш аз шумо буданд қадам
бо қадам пайравӣ хоҳед кард. Ҳатто агар дар хонаи сусмор ҳам дохил шаванд, шумо низ дохил мешавед, яъне агарчи корҳои
мушкилу гуноҳи бузург ҳам карданд, шумо ҳам бо онҳо дар ҳамон кор ба онҳо пайравӣ хоҳед кард. Суол карда шуд, ки бо Яҳуду
Насоро? Фармуд: Пас дигар ки (яъне бале онҳо).
https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев