(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, 28 декабри соли 2024)
Империяи Хаҳоманишиҳо (соли 559 – 331 п.м.) дар доираи принсипҳои адолати иҷтимоӣ бунёд гардида, асосгузори он – Куруши Кабир бошад ҳамчун нахустин саврари адлгустар, таҳаммулпеша, инсонпарвар, боинсоф ва хирадманд дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд, ки империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Кабир ва муаллифони атиқа дар худуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буда, Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.
Мазмуни матни Эъломияи Куруш, ки таҷрибаи давлатдорӣ ва додгустарии ориёӣҳои бостон сарчашма гирифта, он нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, дар Осорхонаи Британия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад.
Доир ба идоракунии инсондӯстонаи Ҳахоманишиҳо, академик Бобоҷон Ғафуров чунин қайд намудааст: «Ҳахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои сойири халқҳо хеле бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд».
Мувофиқи ахбори муаррихони бостон дар асоси Эъломияи худ Куруши Кабир, дигар халқҳо аз ҷумла махсус яҳудиёнро аз асорати бобулиҳо озод намуда, соли 537 п.м. ба онҳо иҷозат дода шуд, ки ба ватани худ – Фаластин баргарданд» [5, 38]. Ин замоне рух дод, ки низоми давлатдории ғуломдорӣ тантана мекард ва ҳатто баъди замони Куруши Кабир ҳам дар ҷомеаи ғарбӣ файласуфи машҳури юнонӣ Арасту тавассути асари худ «Сиёсат» кӯшиш мекард, ки табиати ғуломиро дар ҷамъият собит намояд.
Метавон қайд намуд, ки як қатор равшанфикрони маъруфи ҷаҳонӣ бодарназардошти хусусиятҳои инсонпарваронаи империяи таъсисдодаи Куруши Кабир ба шахсият ва империяи ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ҳамин аст, ки дар бораи шахсияти Куруши Кабир, сиёсати кишваркушоии ӯ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ ва нақши мондагори ӯ дар низоми давлатсозӣ аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва адабиёти илмӣ метавон маълумоти зиёдеро ба даст овард.
Масалан, падари таърих Ҳеродот дар асари худ «Таърих» доир ба шахсияти Куруш ва усули давлатдории ӯ чунин нигоштааст: «Куруш подшоҳи фурӯтан, баландҳиммат ва родмарди шуҷоъ буд. Ӯ порсҳоро аз хироҷ додан раҳонид ва соҳиби империяи ҷаҳонӣ ва миллати нерумандтарин гардонид». Рушду густариши соҳаҳои гуногуни давлати Ҳахоманишиён дар аҳди Куруш яке аз мавзуҳое мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи муаллиф қарор гирифтааст. Ҳеродот дар идома атрофи ободкориҳои Куруши Кабир андешаҳояшро иброз дошта, қайд кардааст: «Куруш ҳангоми сохтани роҳҳо дар фосилаҳои муайяни роҳ аломатҳои шинохти роҳро мегузошт. Баъди ҳар панҷ фарсанг бошишгоҳҳои амонатӣ ва баъди ҳар бист фарсанг дар гузаргоҳҳои чорроҳа корвонсарою шаҳракҳои тиҷоратӣ бунёд менамуданд».
Замоне, ки Куруши Кабир ҳукмронию сарварӣ мекард, дастгирӣ кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон кори осон набуд, чунки аксаран мардум инро дарк карда наметавонистанд ва сарфаҳм ҳам намерафтанд. Ӯ фармудааст: “То рӯзе, ки ман зинда ҳастам, нахоҳам гузошт, ки мардон ва занонро бо номи барда ва каниз ё номҳои дигар бифурӯшанд ва ин расми зиндагӣ бояд аз гетӣ рахт барбандад. Аз Маздо мехоҳам, ки маро дар тааҳҳудоте, ки нисбат ба миллатҳои Эрон ва мамолики чаҳоргона гирифтаам, пирӯз гардонад».
Баъд аз қабули Эломия, Куруши Кабир на ин ки дар миёни халқи худ, балки дар байни халқҳои дигар давлатҳо обрӯ ва мартабаи баланд пайдо намуда, дар қатори шахсиятҳои бузурги замони худ қарор гирифт. Меъёрҳои ин эъломия дар бораи он ки «тамоми шаҳрвандони давлат дар масоили эътиқоди динӣ бояд озод бошанд, мардумони бедин набояд зери фишор қарор дошта бошанд»; «ҳеҷ як инсон ҳуқук надорад бе ҳаққи музд дигаронро кор фармояд»; «ҳама инсонҳо озод ба дунё меоянд ва ҳар динеро, ки мехоҳанд метавонанд интихоб намоянд, дар ҳар ҷо ки мувофиқ медонанд сукунат намоянд ва ба ҳар дину мазҳабе, ки майл доранд ибодат намоянд, танҳо ба он шарте ки ҳуқуқи дигаронро поймол насозанд ва зараре ба ҳаққи дигарон нарасонанд»; «ҳар нафар ҷавобгӯи амалҳои худ мебошад», аз ҷумлаи муқарраротҳое буданд, ки дар низоми ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои асосии инсон мавқеъи асосиро ишғол менамуданд.
Озодии виҷдон, ки яке аз ҳуқуқҳои шахсии инсон ба шумор меравад дар бахши дуюми ин Эъломия зимни баррасӣ қарор гирифтааст ва аз забони Куруш таъкид шудааст, ки «То рӯзе, ки зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман армуғон мекунад, кеш ва оин ва боварҳои мардумонеро, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, гиромӣ бидорам ва нагузорам, ки фармонфармоён ва зердастони ман кешу оин ва дину равиши мардумони дигарро паст бидоранд ва ё онҳоро биёзоранд».
Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир эълон шудааст, ки «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд ва ба ҳар гуна ки муътақид аст, ибодат кунад ва муътақидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад». Аз ин лиҳоз, андеша меравад, ки меҳнати маҷбурӣ нисбати ҳама қиршҳои инсонӣ, оғоз аз аҷдодон то замони ҳозира манъ карда шуда будааст.
Инчунин дар меъёрҳои Эъломия чунин дарҷ гардидааст: «ҳамаи мардумон дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд»; «касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад»; «ҳар кас озод аст, ҳар динеро, ки майл дорад, баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад… танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад»; «виҷдони инсони ҳозира қобили пазириш нест, ки дар назди чашми ҳамагон инсонҳо аз гуруснагӣ мемиранд ва ё аз надоштани маводи зист даст ба худкушӣ мезананд»; ―ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад, аз ҷумлаи он арзишҳои инсонгароёнае мебошанд, ки дар низоми риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ҷойи созгорро ишғол менамоянд.
Гумон меравад, ки ӯ манфиатҳои миллии худро дар сиёсати давлатдорӣ ва сохти идоракунӣ нигоҳ доштааст ва ба кишварҳои дар радиф ҳамсоя маънидод кардааст, ки зиндагиро аз мо омӯзед.
Дар замони муосир сиёсатмадорон метавонанд аз таҷрибаи башардӯстӣ ва адолатпарварии ин шахсияти таърихӣ истифода намоянд. Эъломияи мазкур замина барои қабул гардидани санадҳои дигари таърихӣ, ба монанди Хартияи бузурги озодихоҳӣ (соли 1215), Санад дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689, Англия), Эъломияи истиқлолият (соли 1776) ва Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1789, Франсия), Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) низ ҳамчун сарчашмаи муҳим оид ба ҳуқуқи инсон мебошанд, гардидааст. Таҷрибаи идоракунии давлатдории шоҳ Куруш ибратомӯз буда, бояд он ҳамаҷониба омӯхта шавад, зеро сохти идоракунии давлатдории Ҳахоманишҳо яке аз беҳтарин намуди давлатдории императории аҳди бостон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр инсоният арзиши Эъломияи Куруши Кабирро дарк намуда, меъёрҳои онро ба сифати сарчашма истифода намудааст. Эъломияи мазкур муқаррар кард, ки меҳвари асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирофи қадру қимати шахсият мебошад, ки он ба тамоми мардумон мувофиқ буда, ҳуқуқҳои баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси сулҳу озодӣ ва адолат аст. Хусусан, се арзиши демократӣ, ки аз ин нигошта мушаххас мегарданд: озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист ва поймол накардани ҳуқуқи каси дигар дар таҳияи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун сарчашмаи асосӣ ва роҳнамои ҳуқуқӣ нақши мондагор гузоштанд. Ба ин монанд дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10-уми декабри соли 1948) гуфта шудааст, ки эътирофу эҳтиром ва қадру қимат ба тамоми шаҳрвандон хос буда, таҳқир ва беэътиноӣ ба ҳуқуқҳои халқҳо боиси сурат гирифтани амалҳои ваҳшиёнае гардидааст, ки аҳволи башариятро бисёр озурда мегардонад. Бунёди чунин дунёе, ки дар он инсонҳо дар сухан ва андеша озод буда, аз хавфу эҳтиёҷ озод бошанд, ҳамчун олитарин орзуи мардум эълон шудааст. Дар ин замина, мамлакатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, ки ба эҳтиром ва риояи ҳақиқии ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бо Созмони Милали Муттаҳид бояд ҳамкорӣ намоянд.
Хулоса имрӯз як нусхаи Эъломияи Куруши Кабир (Устувонаи Куруш) дар идораи марказии СММ ҳамчун рамзи арзиши пойдории ҳуқуқи башар нигоҳдорӣ шуда, меъёрҳои Эъломияи мазкур дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948) ҳамчун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва роҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Аламов Ҳалимҷон – дотсент, ёрдамчии ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев