Меҳру муҳаббат нисбати Ватан ҳеҷ гоҳ аз қалби инсон намеравад. Инсон дар кадом гушаву канори олам агар бошад, ҳамеша дар ёди Ватан аст. Дар воқеъ инсон бештар ба Модар ва Ватани аҷдодӣ меҳру алоқаи зиёд дорад. Меҳри беандоза ба Модар ва Ватан инсонро нерӯ мебахшад ва ба камолоти маънавӣ мерасонад. Ватанро дӯст доштан аз имону воҷдони пок ва худшиносӣ сарчашма мегирад.
Маҳз худшиносӣ ва ҳисси баланди худогоҳии миллӣ дар қалби инсонҳо меҳр ба марзу бум ва обу хоки аҷдодиро ҷой менамояд. Инсони худшинос миллат, Ватан ва фарзандони қаҳрамону шуҷоъ ва далери сарзамини худро бо ҷон дӯст медорад ва нисбат ба онҳо эҳтиром мегузорад, инчунин дар ободиву шукуфоӣ ва сарсабзиву пешрафти ватану кишвари худ саҳм мегузорад. Озодии аҳли ҷомеа ва ободии онро васфу ситоиш менамояд. Инро ҳам бояд қайд намоем, ки миллати наҷиби тоҷик дорои фарзандони қаҳрамону ватандӯст ва бо нангу номуси миллӣ будааст, ки дар дараҷаи таърихи дерини худ барои ҳифзи бум ва таъриху тамаддун ва фарҳанги хеш ғаюрона талош кардаву гоҳе барои ҷовидон мондани арзишҳои фарҳангии худ аз ҷони азизашон гузаштаанд.
Халқи тоҷик на танҳо дорои таърихи дерин, инчунин дорои фарҳангу тамаддуни оламшумулест, ки ганҷи донишу хиради замонаҳоро тавассути фарзандони фарзонааш гирдовардаву тухми сухани асил, илму хирад ва таъриху фалсафаеро коштаанд ва ҷаҳонро аз ганҷи дониш баҳравар намудаанд.
Халқе, ки аз гузаштаи пурифтихори худ сабақи ибрат мегирад ояндаи шукуфону ободе дорад. Ободкориву созандагӣ, эҳё намудани суннату оинҳои асили миллӣ, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар зери роҳбариҳои хирадмандона ва миллатпарваронаи Пешвои миллат анҷом гирифт, бесобиқа ва фавқулода аст. Ободкориву созандагӣ ба мароми аслии Сарвари давлат ва ҳукумат табдил шудааст. Сохтани ГЭС-ҳои бузург, роҳҳои зиёди ҳамлу нақл, бунёди шаҳрҳои зебову замонавии бар асоси шаҳрсозиҳои миллӣ сурат гирифта дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли кишвари маҳбубамон мебошад. Илова бар ин, мо соҳибони ин миллату ин сарзаминро месазад, ки аз ин бештар чунон, ки Сарвари давлат ҳамасола дар суханрониҳо ва Паёмашон таъкид менамоянд, софдилонаву сарҷамъона заҳмат кашем, меҳнат кунему ватани азизи хешро боз ҳам обод намоем ва ба наберагону фарзандони худ як Ватани ободу пешрафта ба мерос гузорем, ки онҳо осуда зиндагӣ намоянд.
Эҳсони Маҷид,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев