Терроризм– ин воситаи амалӣ гардонидании нақшаҳои доимоамалкунандаи гурӯҳҳои террористӣ буда, бо мақсади ба таври зурӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ амал менамояд. Он вабои аср бештари хисоротро ба корхонаҳои маъмурӣ, иншоотҳои истиқоматӣ, беморхонаҳо, марказҳои савдо, ва иншоотҳои стратегиву ҳарбӣ ва ғайра мерасонад. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ ин тарсонидан, сохтани муҳити тарс, ваҳм дар байни мардум мебошад, ки ҳаёти одамонро зери хатар гузоштан аст. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилал бештар ҷавонони сатҳи дониши суст дошта ва дур аз илму мактаб қафо монда, фирефтаи чунин гурӯҳҳои номатлуб мегарданд, ки чунин раванд боиси ҷанги шадиди шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта гашта буд.
Дар шароити кунунӣ, миллати тоҷик барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлум бояд дастаҷамона кор намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилоти терроризм ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги қадимии миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)" (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.
Мо мардуми тоҷик имрӯз бояд шукргузорӣ аз оромиву сарҷами, соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ободкориву пешрафт дар роҳи бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон сарвариву раҳнамоӣ кунем ва ин вабои ваҳшатафкани муосирро, ки таҳдидҳои даҳшатборе нисбат ба давлату миллати мо доранд, мубориза барем.
Шуҳрати Дилбариён
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев