Дар Тоҷикистон агарчӣ ҳанӯз то истиқлолият ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешуд, аммо ба таври назаррас соҳа дар замони соҳибистиқлолӣ рушд намуд. Набудани шароити давлати мустақил имкон намедод, ки ба таври дилхоҳ дар ин самт корҳои зарурӣ анҷом дода шавад. Пас аз ба даст овардани истиқлолу озодӣ зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила соҳаи сайёҳи рӯ ба рушд овард.
Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо махсус таваҷҷуҳ намуда, қайд намуданд, ки ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад.
Аз рӯи таҷрибаи як қатор давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маълум мешавад, ки соҳаи мазкур дар ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум нақши муайян гузошта метавонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро ҳамчун як соҳаи муфиднок арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ба масъулин ҳамасола дар паёмҳои хеш дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Қайд намудан лозим аст, ки то соли 1998 бо сабаби рух додани ҷанги шаҳрвандӣ имкони рушди соҳа пайдо нагардид. Танҳо якчанд санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид, ки он дар рушди минбаъдаи соҳа ҳамчун заминаи меъёрию ҳуқуқӣ нақш гузошт. Аслан аз соли 2000 мисли дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ метавон гуфт, ки марҳалаи рушди соҳа ба вуҷуд омад.
Шароити табиию таърихии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ мувофиқ буда, таваҷҷӯҳ ба он дар ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат ва таъмини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа нақши калон мегузорд. Бо дарки ҳамин масъала, дар тӯли бист соли охир соҳаи сайёҳӣ зери тавҷҷӯҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бо мақсади пешрафти туризм дар мамлакат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009 – 2019», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 – 2014» ва «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015 - 2017» қабул ва иҷро гардид.
Таъсиси мақоми ваколатдор - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017, нишонаи возеҳи таваҷҷӯҳи бештари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳа мебшад. Кумита дар доираи ваколатҳои худ пеш аз ҳама, ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои асосии фаъолият ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардид, ки айни ҳол амалӣ шуда истодааст. Инчунин, ҷиҳати татбиқи самараноки стратегияи мазкур тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019 «Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид. Илова бар ин, «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, тасдиқ гашт, ва дар ин давра амалишавии он пурра ба анҷом расид.
Зери ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва бо нияти такмили шароити сайёҳии ҷумҳурӣ соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Дар партави он дар қиёс ба солҳои сипаришуда, корҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Қабл аз ҳама инфрасохтори саёҳии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ҳамчун меҳмонхонаи тамоми меҳмонони хориҷии Тоҷикистон ба талаботҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шуд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар пойтахт аз рӯи маълумотҳои оморӣ, фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 12 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 42 мавзеи пойтахт, 1 қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои “Наврӯз”, “Борбад”, “Ваҳдат”, “Сурӯш”, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботҳои гуногун хизмат мерасонанд.
Бунёди муҷассамаи зебои асосгузори давлати Сомониён, амир Исмоили Сомонӣ дар дили пойтахт ва дар ду паҳлӯяш муҷассами шерҳо, ҳамчун рамзи қудрат ва тавоноӣ ҳанӯз дар охири солҳои 90-уми асри ХХ то имрӯз ҷолибу назаррабо мебошад. Яке аз баландтарин манораи парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардид ва имрӯз яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.
Кохи “Наврӯз”-и пойтахт, бошад аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад. Намои меъмории он ифодакунандаи таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик мебошад. Ин иншшоти муҳими меъморӣ ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шудааст.
Боғи истиқлол бо маҷмааи он макони хело мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон ба шумор рафта, осорхонаи дохили он як навъ муаррификунандаи таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Намуди зоҳирии бинои парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз назари меъморӣ дар ҷаҳон беназир буда, таҷассумкунандаи фарҳангу таърихи миллат мебошанд. Ҳамаи ҳамин пешравӣ ва амну амонии шаҳри Душанбе буд, ки ҳанӯз соли 2019 тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «Тур Стат»-и Русия ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати баҳорӣ ва тирамоҳӣ шомил гардид.
Ба ҳамин монанд, дар дигар гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити мусоид барои ҷалби сайёҳон то андозае фароҳам оварда шуд. То имрӯз наздики 3 ҳазор ёдгории таърихи расман дар қайди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буда, дар зери ҳимояи давлат мебошанд. Чанде аз номгӯи ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангию таърихии тоҷикон бо ташаббуси Роҳбари давлат эҳё ва ба феҳристи ягонаи ташкилоти ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд, ки дар муаррифи таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар сатҳи ҷаҳон нақш гузошта метавонанд.
Зери талошҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон маҷмааи қалъаи Ҳулбук (н. Восеъ), қалъаи Хуҷанд, қалъаи Ҳисор, қалъаи Ямчун (н. Ишкошим), қалъаи Вамар (н. Рӯшон), димнаи шаҳраки Саразм (ш. Панҷакент), Панҷакенти қадим, Муғтеппаи Истаравшан, Тахти Сангин, Тахти Қубод, Қалъаи Мир (н. Қубодиён), дайри Аҷинатеппа (н. Вахш), мадрасаи Хоҷа Машҳад, мақбараҳои Хоҷа Дурбод (н. Шаҳритус), Мир Сайид алии Ҳамадонӣ (ш. Кӯлоб), Муҳаммад Башоро (ш. Панҷакент), Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (н. Балҷувон), Султон Увайс (н. Ховалинг), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (ш. Душанбе), Мавлоно Тоҷиддин (ш. Данғара), Бурхи Сармасти Валӣ (н. Сангвор), Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ш. Панҷакент), Нақибхон Туғрал (н. Айнӣ) ба таври пурра ва ё қисман таъмир шуда, дар назди баъзе аз онҳо шароти мусоид барои қабули сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Ба таври расмӣ дар ҷумҳурӣ ноҳияҳои Варзобу Ваҳдат ва Балҷувон мавзеҳои сайёҳӣ эълон шудаанд. Имрӯзҳо ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷӣ барои тамошои мавзеҳои зикршуда ба ин ҷо ташриф меоранд.
Гузашта аз ин, барои сайҳон дидан намудан ва истифода аз мавзеҳои зебои Помир, мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”, болооби водии Зарафшон, ба хусус дараи Яғноб, Чилдухтарони Муъминобод, дараи Камароби Рашт, изи диназаврҳои боғи Ширкенти шаҳри Турсунзода, мавзеи Чилучорчашмаи ноҳияи Носири Хусрав, осоишгоҳҳои “Хоҷаобигарм”-и н. Варзоб, “Гармчашма”-и н. Ишкошим, “Ӯротеппа”-и ш. Истаравшан, “Шоҳамбарӣ”-и ш. Ҳисор, “Обигарм”-и ш. Роғун, “Зайрон” дар ш. Ваҳдат ва ғайра, хело ҷолиб аст.
Аз рӯи мушоҳидаҳо яке аз мавзеҳои сайёҳию варзишии мамлакат, ки таваҷҷӯҳи бештари сайёҳонро, махсусан дар фасли зимистон ҷалб мекунад ин маҷмааи варзишию сайёҳии “Сафед-дара” воқеъ дар ноҳияи Варзоб, мебошад. Бойд қайд намуд, ки Маҷмааи варзишию сайёҳии Сафед – дара ҳанӯз соли 1976 бо номи Комплекси куҳӣ – лижаронии Такоб мавриди истифода дода шуда буд. То барҳамхӯрии давлати Иттиҳоди Шуравӣ аз қаламрави ин давлати собиқ теъдоди зиёди варзишгарону сайёҳон ба ин мавзеъ меомаданд. Бо гузашти солҳои зиёд бисёре аз асбобу анҷом ва биноҳои хизматӣ кӯҳнаю фарсуда шуда, ҳанӯз дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бинобар сабаби буҳрони сиёсӣ дар ҷумҳурӣ молу амволи ин иншшооти сайёҳи аз ҷониби масъулину шаҳрвандон ба талаю тороҷ шуданд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузашти 40 сол корҳои азнавсозӣ дар мавзеи Сафед – дара соли 2015 аз сифр, оғоз ёфт. Санаи 1 январи соли 2016, бо иштироки сарвари давлат ин мавзеъ, бо номи расмии «Маҷмааи варзишию сайёҳии Сафед – дара» дар асоси талаботҳои ҷаҳони муосир, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло дар ин маҷмаа тамоми шароитҳо барои сайёҳону варзишгарон муҳаё гардидааст. Сафед – дара метавонад дар оянда низ рушд карда на танҳо дар фасли зимистон, балки дар давоми сол ба макони сайру саёҳати меҳмонони дохилию хориҷӣ табдил гардад.
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар натиҷаи таъмини сулҳу ваҳдат рушд намуд. Аз моњи январи соли 2003 сар карда Ҷумњурии Тоҷикистон сиёсати дарњои кушодро пеш гирифт ва дар натиҷа он бари ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои дигар нақши муассир гузошт. Дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин ин иқдом бар рушди туризм низ бетаъсир набуд.
Ҳамаи ин дар боло рафтани мавқеи ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти рушди туризм таъсири мусбӣ гузошт. Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2007, пазируфта шудани шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар соли 2018, эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба ҷои аввал сазовор донистани Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар соли 2018, ҷои аввалро соҳиб шудани Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои яке аз расонаҳои бренди сайёҳии ҷаҳонӣ «AFAR» дар соли 2018 аз рӯи зиёд шудани шумораи сайёҳон, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон - «The BIZZ Business Excellence Award 2019», мақоми аввалро соҳиб шудани Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи “Lonely Planet” дар байни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ, мавзеҳои сайёҳии Тоҷикистон, ба монандӣ пиряхи “Федченко”, “Гармчашма”, “Искандаркӯл, кӯли “Сарез”, долони “Вахон”, “Қарокӯл” ва “Чапдара” дар соли 2020 аз тарафи маҷаллаи сайёҳии британиявии “Вандерласт” (“Wanderlust”) ҳамчун 7 мӯъҷизаи табиӣ муаррифӣ карда, барои боздиди сайёҳон тавсия дода шуд, соли 2020 аз ҷониби Ассотсиатсияи саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором (PATWA) Тоҷикистон кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон шуд, қадрдонии Тоҷикистон дар давлати Малайзия ба ҷоизаи «Ҷолибтарин кишвари Осиё барои кӯҳнавардӣ» дар соли 2022, узви яке аз кумитаҳои ёрирасони Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ интихоб шудани Тоҷикистон дар соли 2023, гувоҳи гуфтаҳои болост. Ба ин монанд мисолҳои зиёдеро овардан мумкин аст, ки борҳо ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ Тоҷикистон ва ё ягон мавзеи алоҳидаи ҷумҳуриамнро аз лиҳози сайёҳӣ баҳои баланд додаанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар шудани чунин дидгоҳҳо дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст.
Натиҷаи чунин иқдомҳост, ки тибқи таҳлилҳои коршиносон воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат сол то сол меафзояд. Масалан, агар шумораи воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат дар соли 2015 207 ҳазорро ташкил намуда бошад, пас ин рақам дар соли 2023 ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расидааст. Роҳбари давлат дар Паём ба ҳамин нукта таваҷҷӯҳ намуда қайд карданд, ки шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст.
Аз рӯи ин нишондиҳанда маълум мешавад, ки дар давоми як сол теъдоди воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ 199 ҳазор зиёд шудааст. Таҳлилҳо нишон медҳанд, ки солҳои охир аз 121 давлати ҷаҳон сайёҳон вориди Тоҷикистон шудаанд.
Яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон дар баробари дигар омилҳои мавҷуда ин шароити хуби роҳҳои мошингард мебошад. Хушбахтона дар ҷумҳурӣ дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба музаффариятҳои калон ноил гардидем. Борҳо сифати роҳҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳони ба баҳои баланд сазовор гардидааст. Масалан, соли 2023 шоҳроҳи Бадахшон (Помир) ё роҳи мошингарди Хоруғ – Ош на танҳо ба даҳгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон дохил шуд, балки пас аз Фаронса ва ИМА дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Соли 2019 бошад тибқи баҳогузории Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ бо назардошти сифати роҳҳо Тоҷикистон дар зинаи 50 қарор гирифт.
Бояд қайд намуд, ки чунин арзёбӣ дар сатҳи ҷаҳон албатта, барои рушди иқтисоди мамлакат ва махсусан ҷалби сайёҳон нақши муассир мегузорад. Пешвои миллат дар ҷараёни суханронии хеш ҳангоми ироаи Паём ба ҳамин масъла дахл карда, қайд намуданд, ки «Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид».
Бо вуҷуди дастовардҳои зиёд дар соҳаи сайёҳӣ, аммо имрӯз мо бояд ба ин қонеъ нашуда, тамоми имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро истифода барем. Зеро тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо захираҳои туристии мамлакат ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ муаррифӣ нашудаанд. Дар оянда мо метавонем, бо муаррифии табиати зебои ҷумҳурӣ, обҳои шифобахш, эҳё ва таъмиру азнавсозии ёдгориҳои таърихӣ, ҷашну оинҳои мардумӣ, навъҳои гуногуни ҳунармандӣ, намунаи хӯрокҳои миллӣ, баланд бардоштани сифати роҳҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва бунёди боз ҳам инфрасохтори маишии муосир соҳиби дастовардҳои зиёде дар соҳа гардем.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта диққат дода, аз ҷумла қайд карданд, ки агарчӣ дар соли 2024 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида бошад ҳам, аммо ҳоло ҳам ин қонеъкунанда нест. Ба ин мазмун дар идома чунин афзуданд: «... нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест». Роҳбари давлат дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ, инчунин ба ҷалби сайёҳони дохилӣ низ изҳори назар намуда, қайд намуданд: «Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад». Вобаста ба такмил ва тараққии вазъи сайёҳӣ дар Паём Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супоришҳо дода изҳор дошатнд, ки «Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешад».
Албатта, барои боз ҳам расидан ба ҳадафҳои бузурги созанда дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ моро мебояд аз худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, аз рӯи сидқу сафо ва виҷдону имон амал намоем. Дар натиҷаи меҳнати софдилонаю аҳлонаи мо Тоҷикистони азиз метавонад дар оянда боз ҳам соҳиби дастовардҳои бузург, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ гардад. Тавре, ки Пешвои миллат дар асари худ «Уфуқҳои истиқлол» менависанд: «Муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеҳои истироҳату фароғати кишвар, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, муаррифии шоистаи табиати зебо ва, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешрафтаи олам мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба маркази туризми байналмилалӣ ва шоҳроҳи муҳимтарини тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо табдил ёбад. Мо ба ин бовар ва эътимоди комил дорем ва дар ин ҷода кӯшиш ва талош ба харҷ хоҳем дод».
Ин суханони Сарвари кишвар дар соли 2018 буд. Чи тавре, ки дар мисолҳои дар боло оварда шуда собит шуд аз он сол то имрӯз ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз лиҳози сайёҳӣ хело мақомаш боло рафт. Меҳнати якҷоя ва софдилонаи мо дар оянда низ сабаби боз ҳам боло рафтани мақому мартабаи Тоҷикисони азиз хоҳад гашт.
Маҳмудов Давлатшоҳ – мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев