(Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи соли 2024)
Дар суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 зикр намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Тавре дар паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд”.
Дар заминаи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан зарур аст, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳое, ки дар назди тамоми донишгоҳои кишвар меистад, муқаррар намудани таносуби оқилона байни фаъолияти таълимӣ ва илмии омӯзгорон мебошад. Мутаассифона, дар баъзе мавридҳо ҳангоми баҳо додан ба фаъолияти касбии омӯзгор ба фаъолияти илмии ӯ кам таваҷҷуҳ карда мешавад. Касб ва обрўи омӯзгори донишгоҳ ба натиҷаи кори таълимии ӯ вобаста карда мешавад ва аксари омӯзгорон ба таълим бештар машғул шуда, аз пешбурди тадқиқоти илмӣ дур мешаванд.
Омӯзиши фаъолияти таълимӣ ва илмии омӯзгорон гувоҳи он аст, ки 3 навъи омӯзгорон мавҷуд мебошанд:
- муҳаққиқи барҷаста, вале омӯзгори нотавон;
- омӯзгори беҳтарин, вале муҳаққиқи ноком;
- муҳаққиқи барҷаста ва омӯзгори барҷаста.
Яъне омӯзгори барҷастаи донишгоҳ (омӯзгори намунавӣ) нафаре мебошад, ки фаъолияти таълимӣ ва илмии ӯ дар ҳамбастагӣ баамал бароварда мешавад.
Дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” 19 майи соли 2009, № 531 кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадор аст самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” 18 марти соли 2015, № 1197 корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо аст. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) - шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд. Фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст. Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Дар баробари ин дар асоси “Дастурамал оид ба таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023, №8/26 тасдиқ карда шудааст, ҳаҷми сарбории умумии омӯзгорони кафедраҳо тибқи қонунгузории амалкунанда бо назардошти сарфи воқеии вақт, ки дар шакли бақайдгирӣ дар табели корӣ назорат карда мешавад, дар як соли таҳсил (44 ҳафта, ба истиснои 8 ҳафтаи рухсатии меҳнатӣ) ба таври умумӣ, новобаста аз вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ барои 1,0 воҳиди корӣ 64 кредит (1536 соат) муқаррар карда мешавад. Сарбории таълимии омӯзгор аз соатҳои фаъол ва ғайрифаъол, ки вобаста аз вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ барои як воҳиди корӣ аз 23 то 27 кредитро ташкил медиҳад, ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми музди меҳнати онҳо ҳамчун асос истифода карда мешавад. Сарбории таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ (эҷодӣ ва варзишӣ) ва иҷтимоӣ-тарбиявии омӯзгор аз 37 то 41 кредит иборат мебошад. Қисми якуми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар шакли иҷро намудани корҳои таълимӣ (сарбории таълимии фаъол ва ғайрифаъол) муқаррар гардида, ҳадди ақали ҳаҷми иҷро намудани он барои 1,0 воҳиди корӣ дар як соли таҳсил ба 23-27 кредит баробар мебошад.
Дар асоси “Тавзеҳнома Дастурамал оид ба таҳияи сарбории умумии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳаҷми минималии қисми дуюми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои як басти корӣ ба миқдори зерин муайян карда мешавад: корҳои таълимӣ-методӣ 400 – 450; корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (эҷодӣ ва варзишӣ) 300 – 450; корҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ 100 – 200. Дар маҷмуъ, қисми дуюми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои як басти корӣ бояд аз 37 кредит (888 соат) кам набошад. Барои омӯзгороне, ки аз 0,25 то 1,75 басти корӣ доранд, қисми дуюми сарборӣ мувофиқан ба андозаи зерин муайян карда мешавад:
Басти корӣ Қисми дуюми
сарборӣ дар
маҷмӯъ, Соат Ҳаҷми минималии қисми дуюми сарборӣ, соат
таълимӣ-методӣ илмӣ-таҳқиқотӣ иҷтимоӣ-тарбиявӣ
0,25 246 100 75 25
0,5 492 250 150 50
0,75 738 350 225 75
1 984 528 300 100
1,25 1230 660 375 125
1,5 1476 792 450 150
1,75 1722 924 525 175
Масалан, барои таҳияи китоби дарсӣ бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷузи чопӣ 40 соат, нашри монографияи илмӣ бо қарори Шурои нашр ва татбиқ - 1 ҷузъи чопи 60 соат, чопи мақола дар нашрияҳои Комиссияи олии атестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия - 1 мақола 100 соат, нашри мақолаҳо дар бораи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, одобу ахлоқ, тағриби донишҳо ва ғайра дар рӯзномаи донишгоҳӣ - 1 мақола 25 соат ва ғайра.
Дар асоси “Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №2/21 тасдиқ шудааст, ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессор вазифадоранд дар раванди фаъолияти худ мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо дар кафедра ва конференсияҳо, матнҳои лексия (ёддошт-конспект), маҷмӯа барои дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ, нашрҳои видеоӣ, лексияҳои телевизионӣ, дигар маводи таълимию методӣ, аз ҷумла, маводи методӣ доир ба иҷрои корҳои курсӣ ва рисолаи хатм таълиф ва таҳия намоянд.
Ҳамин тариқ, омӯзгор пайваста ба ҳолатҳое дучор мешавад, ки истифодаи тафаккури мантиқӣ, қобилияти таҳлил ва ҷамъбаст кардан, такя кардан ба методологияи илмӣ зарур аст, ки барои фаъолияти тадқиқотӣ ҳатмӣ мебошанд. Агар омӯзгор кори фаъолонаи илмӣ набарад, вай танҳо аз он сабаб, ки мушкилотро намебинад, шубҳаю норавшаниро набинад, дар сатҳи талаботи замон бомуваффақият таълим дода наметавонад. Омӯзгори донишгоҳ бояд дар истеҳсоли донишҳои нави илмӣ ширкат варзад, то онҳо ба донишҷӯён, магистрон на ҳамчун маҳсулоти тайёр, балки дар динамикаи раванди ташаккулёбӣ фаъолона ширкат намоянд. Фаъолияти илмиии самараноки омӯзгор омили ташаккули фаъолияти таълимии ӯ низ мегардад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмии соҳаҳои мухталифи кишвар пешниҳодҳои зеринро зарур меҳисобем:
1. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хусусан, дар назди факултетҳои табии риёсӣ лабараторияҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ташкил карда шаванд.
2. Дар кулли муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Паркҳои технологӣ таъсис дода шуда, тадбиқи илм ва истеҳсолот ба таври комил ба роҳ монда шавад.
3. Барои бохабар шудан аз арзишҳои фарҳангҳои умумибашарӣ ва рушди илми тоҷик бо баинобатгирифтани манфиатҳои миллӣ омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ уҳдадор карда шаванд.
4. Барои муайян намудани дараҷа ва сатҳи забондонии олимону омӯзгорон (забони русӣ ва англисӣ) “Тартиби сатҳи муайян намудани забондонии омӯзгорон” аз ҷониби мутахассисон таҳия карда шавад.
5. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати пешбурди корҳои идиологӣ дар фазои маҷозӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) ва дар миёни аҳолӣ бетарафӣ зоҳир нанамуда,фаъол бошанд.
6. Пеш аз ба кор қабул намудани омӯзгорон фаҳмиши тафаккури дунявӣ ва ҷаҳонбинии илмии онҳо муайян карда шавад.
7. Омӯзгорон бо симои намунавӣ ва доштани дараҷаи баланди дониши касбӣ намунаи ибрати шогирдон бошанд.
8. Муҳақиқионе, ки мақсади навиштани рисолаҳои илмӣ доранд, онҳоро зарур аст, ки аз муҳтаво ва мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби “Тоҷикон”-и алома Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон дар оинаи таърихи” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳии комил дошта бошанд.
9. Барои табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии омӯзгорони арзандаву дорои дараҷаву унвони илмии муассиаҳои таҳасилоти олии касбӣ дар се сол як маротиба бо назардошти имкониятҳои молиявии муассиса ба муассиаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи наздик ва дур сафарбар карда шаванд.
10. Барои огоҳ шудани кулли олимони кишвар аз муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” аз 24 декабри соли 2022, № 1922 тафсири илмию оммавии он навишта шуда, ройгон ба кулли муассисаҳои илмии кишвар тақдим гардад.
Сангинзод Д.Ш. - муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Зикирзода Ҳ. – сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев