بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Ин сура аз сифатҳои Худованди ягона хабар медиҳад. Онро сураи Тавҳид низ меноманд. Худованд ба ҳеҷ махлуқ муҳтоҷ нест, аз ғайри худ ғанӣ аст. Ҳама ба Ӯ таъоло муҳтоҷанд. Вайро мислу монанд набуд, нест ва нахоҳад буд. Сифатҳои Худованд комилу бардавоманд. Ӯ таъоло аз сифатҳои ноқис пок ва муназзаҳ аст. Инчунин ин сура фаҳмишу эътиқоди мушриконро рад мекунад. Зеро онҳо барои Худо наслу авлодро ҷоиз медонанд. Сабаби нузули ин сура ин аст: Баъзе аз мушрикон назди Он ҳазрат (с) омада гуфтанд: "Сифати Парвардигори хешро бар мо баён кун, ки Ӯ аз тилло аст ё нуқра, ё аз забарҷад аст" ё ёқут?".
Дар он ҳангом ин сура нозил шуд. Дар саҳеҳ-и Бухорӣ аз Расули Акрам (с) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) ба саҳобагон марҳамат карда гуфтанд: "Оё касе аз шумо, қодир ҳаст, ки сеяки Қуръонро дар як шаб хонад?".
Ин таблиғ ба саҳобагон машаққат намуд онҳо гуфтанд: "Кадоме аз моён қуввати анҷоми инро дорад?" Расулаллоҳ гуфтанд: "Сураи “Ихлос” дар қадри савоб баробари аз сеяк ҳиссаи Қуръон аст, чунки Қуръон ба се тақсим аст: Ақида, қисса, аҳкоми шариат".
١ قُلۡ هُوَ اللّٰهُ اَحَدٌ
1. Бигӯ (эй Муҳаммад дар посух ба мушрикон): «Ӯ Худои ягона аст.
Яъне, эй Муҳаммад (с), мушрикон қасди масхара карданро доранд ва аз ту мепурсанд, ки Худои ту аз чӣ чиз сохта шудааст? Ба онҳо бигӯ, ки Парвардигоре, ки ман ӯро ибодат мекунам, дар зоту сифот ва феълҳои (амалҳои) худ Воҳид асту бешарик, беназир асту бемонанд ва ҳеҷ махлуқ ба зоти Худованди таъоло монандӣ надорад.
На мисли эътиқоди мушриконаи шумо, ки якчанд ададро илоҳ мегӯед. На мисли эътиқоди насоро, ки Худоро ба падару писар ва Рӯҳулқудс ҷудо кардаанд.
Худои ман ягона аст, Ӯро дуе нест. Ӯ воҳид аст. Ӯро шарике нест. Ӯ воҳид аст, тақсиму тарҳ намешавад. Дар Қуръони азимушшаън далелҳо ва бурҳонҳои қотеъ барои ваҳдонияти Аллоҳтаъоло бисёр аст. Узран мо ба ҳамин кифоя кардем.
اَللّٰهُ الصَّمَدُ ٢
Худои бениёз аст.
Худованд ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нест. Аммо махлуқот бошанд, доимо ба Аллоҳтаъоло мӯҳтоҷанд. Самад гуфта, зотеро гӯянд, ки дигар болои Ӯ ҳеҷ кас ва ҳеҷ махлуқ бузург ва фармонраво набошад. Ҳама халоиқ барои ҳуҷҷатҳои худ ва иҷро намудани корҳояшон ба Ӯ таъоло муҳтоҷанд. Ӯ чунин Зотест, ки аз гуруснагӣ, ташнагӣ ва умуман аз тамоми сифатҳои махлуқон пок буда, баъди фанои тамоми махлуқот боқӣ ва поянда аст. Аз сифати самадии Аллоҳтаъоло ақидаи он ҷоҳилон рад мешавад, ки ғайри Ӯ таъоло дигареро дар олам соҳибихтиёр медонанд, Ӯ таъоло:..
لَمۡ يَلِدۡ ۙ وَلَمۡ يُوۡلَدۡ ٣
На зод касеро ва на аз касе зода шуд.
Яъне Аллоҳтаъоло касеро назодааст ва Ӯ Худ низ аз касе зоида нашудааст. Дар ин оят рад аст ба қавми яҳудиён, ки ҳазрати Узайр Пайғамбарро писари Худо мегӯянд ва рад аст, ба қавли насоро, ки ҳазрати Исои Масеҳро писари Худо мегӯянд ва рад бар қавли мушрикони араб аст, ки фариштагонро духтарони Худо мегӯянд. Инчунин рад аст ба тамоми қавлҳое, ки касеро ба фарзандии Худо нисбат медиҳанд, ё Ӯ зоти покро зодаи касе меҳисобанд.
Аллоҳ таборак ва таъоло азалию абадӣ аст.
Аллоҳтаъоло аз падар ва модар зоида нашудааст, зеро ки ҳар чизе, ки таваллуд шавад, ӯ ҳодис (навпайдошуда) аст. Чун касе ҳодис бошад, Аллоҳ шуда наметавонад. Хулоса, барои Худованд падару модару фарзанд интихоб кардан кори мушрикон аст, на кори мусулмонон.
وَلَمۡ يَكُنۡ لَّهٗ كُفُوًا اَحَدٌ ٤
Ва ҳеҷ касе бар Ӯ ҳамто намебошад».
Барои Худованди таборак ва таъоло (ҷаллат азаматуҳ) на дар зот, на дар сифатҳо мисл, назир, монанд, баробар, мушобеҳ нест зеро ин ки Ӯ: "Лайса камислиҳи шайун ва ҳувас самиъун басир" аст. Худованд молики кулли шайъ (чизҳо) ва Холиқу Розиқи кулли ҳай (зиндаҳо) аст.
Худованд дар яке аз ҳадисҳои қудсӣ фармудааст: "Дурӯғгӯйи сохт фарзанди одам Маро, ҳол он ки ӯ ҳаққи чунин корро надорад, дашном дод фарзанди одам Маро, ҳол он ки ӯ инро ҳаққ надорад.
Дурӯғгӯ сохтанаш Маро ин аст, ки мегӯяд зинда намегардонад маро ҳамчуноне, ки дар ибтидо халқам кард, ҳол он ки аз нав зинда гардонидан барои Ман аз халқи аввал, дида ҳеҷ мушкилие надорад.
Аммо дашном додани фарзанди одам Маро ин аст, ки барои Ман фалон касеро, фарзанд мехонад ҳол он ки Ман яккаву ягона ва бениёзу беҳоҷатам ва Ман зоти "Лам ялид ва лам юлад ва лам якуллаҳу куфуван аҳад" ҳастам."
Адибе гуфтааст.
Гар як сари мӯй бартар парам,
Фурӯғи таҷаллии Ту бисӯзад парам.
Камолаш рӯйи ҳар андеша барбаст,
Хирадро пушт аз ин андеша бишкаст.
Ва лиллоҳил ҳамд.
📚 https://t.me/bogi_nakukoroon
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев