🔸 Матни пурсиш:
Яке аз шубаҳоте ки душманон ба манзури тахриби Ислом ворид мекунанд дар мавриди издивоҷҳои мутаъаддиди ҳазарти Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст. Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди далил ва ҳикмати ин издивоҷҳо чист? Чаро мӯъминон ҳамзамон метавонанд ҳаддиаксар чаҳор ҳамсари дойимӣ дошта бошанд, вале Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи бештар аз чаҳор ҳамсари доим доштанд?
🔸 Матни посух:
Душманони Ислом ҳамеша баҳонае барои таблиғ бар зидди Ислом меёбанд, вале ҳаргиз наметавонанд айбӣ воқеъӣ дар он биёбанд ва айби воқеъӣ ақида ё амале аст ки бо ақли салим мунофот дорад, на ақида ё амале ки бо урф ё салиқаи кунунии душманони Ислом мунофот дорад; Зкро бадеҳи аст ки урф ё салиқаи кунунии душманони Ислом, меъёри шинохт нест, бал ақли салим аст ки меъёри шинохт аст ва ақли салим ҳақиқати ақойид ва аъмолро бидуни таваҷҷуҳ ба эътибороти урфӣ ва салиқаи дар назар мегирад. Бо ин васф, рӯшан аст ки издивоҷи ақлонӣ қабеҳ нест то таъаддуди он қабеҳ шумурда шавад, балки ошкоро ҳусн аст ва таъаддуди ҳусн, камол шумурда мешавад, на айб; Чароки ба таъмини ниёз ва ҳусули оромиш ва бақоъи навъи инсон ба суратӣ қоъидаманд меанҷомад ва ин маслиҳатӣ ошкор барои ӯст ва мафсадае барои ӯ шумурда намешавад ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2985/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев