Ин воқеа чанд даҳсола пеш рӯй дода буд.Рӯзи якшанбе дар мавзеи Сари Бозор бо Рӯзимати Понғозӣ вохӯрдам, ки дасташ докапеч ва ба гарданаш овезон буд. Чун аҳвол пурсидам, ӯ гуфт: " Наузамбиллоҳ, фалокат аз таги пой мехезад мегӯянд, рост будааст, тасодуфан чунон пешпо хӯрда афтодам, ки дастам сахт зарб хӯрда , дарди ҷонкоҳ кашидам. Пас аз муоинаи духтурҳо маълум шуд, ки шикастааст.
Дере нагузашта дар атрофи ҳофиз чанд дӯстон ва мухлисонаш ҷамъ омаданд, ки ҳама ӯро дилбардорӣ намуда, тасалло медоданд.
Дар ин асно як ҷавони шаттоҳ , беғам ва беандеша, пайдо шуду ба Рӯзимат гуфт: Ҳа ин чӣ нағма, дастатро ба гарданат овезон карда, ҳамаро ба атрофат ҷамъ кардаӣ?
Рӯзимат чунин ҷавоб дод: Охир, чӣ кор кунам, ба гардани ту овезам намешавад, зеро ту ҳатто гуноҳи худатро ба гарданат намегирӣ....
Пас, маҷбурам дастамро ба гардани худам овезам:
Аз ҷабру гуноҳи хештан нагрезам,
З - он пой, ки фитодаам, зи нав бархезам.
Ҳаргиз набарам ба нокасе рӯи ниёз,
Дастам шиканад ба гарданам овезам.
Ҳама аз ин сухани баланд ( моли Лоиқ) лаззат бурда хушҳол шудем ва ба Рӯзимати Понғозӣ аҳсан гуфтем .
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев