Туро пазмон шудам Пунғаз , шунав ҳоло паёми ман .
Аё эй зодгоҳи мо , туӣ бунёдгоҳи мо ,
Аз оби нуқравори худ , намо лабрез ҷоми ман .
Биҳишти рӯи дунёӣ , басо ободу зебоӣ ,
Сари Бозори ту бошад , нишоти субҳу шоми ман .
Диёри пурсафо ҳастиву хушобу ҳаво ҳастӣ ,
Ки шаҳди меваҳоят чун асал ширин ба коми ман .
Ба ҳар дарде даво бахшӣ, ба чашми мо зиё бахшӣ ,
Ҳамеша ҳамнавои рӯди пуршӯрат каломи ман .
Зи Маъдан то ба " Ворисон .." ба васфи ту сароиданд ,
Қабул кун барги сабзамро чу арзи эҳтироми ман .
Туфайли зодагони меҳрубонат, гаштаӣ машҳур ,
Шараф бодо туро , эй мазҳари олимақоми ман .
Нахустин шеъри ман бо номи ту буд , охиринаш низ ,
Чу рамзи меҳри дил монад, барои ту зи номи ман .
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1