ХУДОВАНДО , БИДЕҲ ҶОЙ ДАР БИҲИШТАШ
Дар сӯгвории Неъматҷон Одиев
-------------------------------
Фиғон аз дасти ҷангҷӯёни хунхор,
Ҷавононро басо бинмуда хуншор.
Басе ободиҳо вайрона гардид,
Басе пиру ҷавон бехона гардид.
Басе ашки занону духтарон рехт,
Ҷигарҳо хун шуду аз дидагон рехт.
Басе дӯстрӯйакон беқиблагоҳ шуд,
Басе тифлон ятим, бесарпаноҳ шуд.
Падарҳо дода фарзандони чун қанд,
Писарҳо хунчакон дур аз ҷигарбанд.
Дареғои ту, Неъматҷони Одӣ,
Чу вақти гулфишонӣ ҷон бидодӣ.
Хато хӯрдӣ зи байни додаронат,
Ба мотам мондӣ ёри меҳрубонат.
Бидида аспи чӯбинро ба долон,
Ҳама з-ин кори ту ҳайрону нолон.
Бихез аз турбат, эй бишкастаболам,
Ҷавонмардо, ҷавон рафтӣ зи олам,
Намудӣ дидагирён, ҳафти додар,
Ба афғон кардӣ фарзандону хоҳар.
Раҳимҷон, "ҷони додар" - гуфта гиряд,
Ва Рустамҷон, "бародар"- гуфта гиряд.
Зафарҷон, навҳагар дар мотами ту,
Ва Мансурҷон бисӯзад дар ғами ту.
Сияҳпӯш асту нолон, Анвари ҷон,
Ва Фарҳодҷони ту, бо чашми гирён.
Бувад Исмоили ҷон бо дили реш,
Гиребончок, зи марги додари хеш.
Туро гулдухтарон бо ғусса ҳамдам,
Писарҳо дилкабобу дида пурнам.
Нигоҳи вопасин кун, баҳри ёрат,
Ки бинад ин замон тобутсаворат.
Ҳама бо навҳа, номат дар забонҳо,
Чу будӣ марди бофарҳангу доно.
Ҷавонмардӣ ҳамеша пешаат буд,
Накӯкорӣ, мудом андешаат буд.
Ба ёрон меҳрубон будӣ, бародар,
Ба сӯгат ҳамдилон бо дидаи тар.
Худовандо, бидеҳ ҷой дар биҳишташ,
Чу бинвиштӣ ҳамин сон сарнавишташ.
Мақсудалӣ Муҳаммадалӣ .
Якчанд сол инҷониб бародари зинданоми мо Неъматҷо Одиев дар шаҳри Перми ФР чун намояндаи ширкати хусусии " Одиев " --- ҳо буда бо овардану бурдани муҳоҷирони меҳнати бо автобус машғул буданд . Борҳо муяссарам гаштааст , ки тавассути автобус ҳам сафар кунам , одамҳои касбу кори гуногун , миллатҳои гуногун , хоҳишу одату фазилат ва хислатҳои гуногун , синну сол гуногунро дучор шудан мумкин . Солҳои пеш аммаи Одиевҳо равоншод Хомбибӣ Одиева якчанд сол вазифаи раиси комиҷроияи ноҳияи Ашт -- ро ба ӯҳда доштанд , аксарияти насли калонсоли ноҳия эшонро нағз дар хотир дорад , зеро ин зани қавиирода серғайрату чолок оиди созандагиву бунёдкори ва ободонии ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расонида аз хеш номи нек гузошта буданд ( Рӯҳи покашон шоду ёд ва хотираи некашон ҷовидон гиромӣ бод ) . Байти шоири ширинкалом , устод сухани ноб Лоиқ Шералӣ маҳз ба ҳамин тур занҳо эҷод гардидааст ;
Занон мардона гоҳе ишқ варзанд,
Заифиҳои мардонро чи гӯям..
Бале намояндаи ҷинси латиф , зан модар буданд аммо соҳиби дилу гурдаи ҳазор мардакро доштанд он вақт мо талаба будем ман аниқ намедонам ва айни ҳол аз нақлу ривоят ва хотираҳои пирони кор нависта истодаам , нисбаташон сокинони диёр бо ихлосу эътиқоди хоса ҳарфи муҳаббат мегӯянд ва то ҳол шукри Худо сифату таъриф ва кордонию корбудкуниашонро бо ифтихор иброз медоранд , набошад баъди ба камол расиданамон ҷанд раиси комиҷроия кор кардааст аммо мисли Одиева Хонбибӣ мардум таъриф намекард . . .
Бо Одиев Раҳимҷон -- асосгузор ва ташкилкунандаи ҳамин ширкати хусусии " Одиев " -- ҳо дер боз шуносои дорам ҳатто аз солҳои дар ШКД ноҳия ифои вазифа намуданашон , полковники милиция , баъдтар бо зарурияте муроҷиат кардам мушкиламро осон намуданд , гумон мекунам корафтодаҳои зиёде дар ин муддати зиёда аз 25 -- сол инҷониб аз саховату каромат ва лутфу дасткушодии эшон баҳра мебаранд . Боиси таъқид аст , ки Раҳимҷон дӯстамон айни ҳол гуё амали шоистаи инсони хизмат ба халқ -- и аммаашонро давом дода меоянд , зеро Раҳимҷонро тарбия карда ба камол расонида соҳиб маълумот кардагиям муҳтарама Одиева Хонбибӣ мебошанд , гуё аз кӯдакӣ иҷрои хислатҳои инсониро дар эшон парварда бошанд . Додарон Раҳимҷон , Мансурҷон , Анварҷону Зафарҷон , Неъматҷону Исмоилҷон ва Рӯстамҷону Фарҳодҷон низ дар бари акои хеш мададрасону мушкилосонкунанд , аз хизматашон аксарият розӣ дар ҳақашон даст бо дуоянд мо низ шодишарик гашта мустаҷобии дуоро эҳтиромона аз Парвардигори манон мепурсем ва ду дасти холи ба сӯяш бо умед бардошта холи нагардонидани дастамонро умедворем . Неъматҷон ба маънои томи калима инсон бо ҳарфҳои калон буданд , фазилати некашон дар он зоҳир мегашт , ки ба ҳамаи шоду ғами ҳамдиёрон дар шаҳри Перми ФР ҳозиру нозир буданд , лозим бошад дасти мадад дароз мекарданд , инсони заминиву табии хоксору ҳалим ва асилу ихлосманд буданд . Муносибати дӯстона доштем . Аз он , ки дар рӯихати дӯстонам буданд ман фахр мекардам . Ҷавонмарди яклавзу якқавл буданд махсусан лаҷузиву одамба часпиданашон боиси ибрат буд . . . Боиси таасуфи зиёд , ки имрӯз дигар дар байни мо нестанд , аз чашмҳо пинҳон гаштанд вале мо ба хуби медонем , ки дӯстамон ҷояшонро аз назарҳо ба дилҳоямон кӯчондаанд , хушбахтона аз хеш номи некӯ амалҳои шоиста гузоштаанд , ки Худохоҳад ин садсолаву боз садсолаҳои дигар масканашон дар дилҳоямон дили корафтодагону муҳтоҷон ва ниёзмандону дармондагон аст . Ба аҳли оила , аҳли байт , бародарон , хешу ақрабо авлоду аҷдодашон аз Худованд сабри ҷамил мепурсам , ғамшарикии хешро арз менамоям ва бовари дораму имонам , комил , ки фарзона фарзандони ҷонфидою ҷоннисори диёру меҳан ки қурбони халқи хеш гаштаанд абадию ҷовидон зиндаанд , ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард , корнамоиҳояшон асрҳо вирди забони мардум хоҳад монд . Дӯстони азиз , азизони дилу дида эҳтиромона мепурсам дар ҳаққашон дуо кунем ; Иллоҳо рӯҳи покашон шоду ёд ва хотираи некашон ҷовидон гиромӣ бод , Худованд бо лутфи хеш эшонро раҳмату шоистаи ҷаннат аз оби кавсар сероб ва охираташонро обод намуда рӯзаи аъмолашонро аз дасти росташон дода бошад , омин ! Алвидоъ , Алвидоъ , Алвидоъ --- дӯсти ҷавонмарги мо !
Олимҷон Эрбоев
24 . 06 . соли 2024 -- ӯм .
Комментарии 11
дӯстони маҷозию ҷониам , ки чанд рӯз инҷониб ғамшарики моед , дастранҷҳо нависта изҳори ҳамдарди намуда истодаед
арзу адаб эҳтиром ва сипосу миннатдории хешро изҳор менамоям , шукри Худо ки Шумоёни азизро дорам дар акси ҳол дар ин тур ҳолатҳои фавқуллода кашидани бори ғам кори осон не , шукри Худо ки боз худаш сабр ато менамояд , бинобар ин бо қаноатмандиву дили пур ба ҳар яки Шумо гуфтаниам , ки меҳру муҳаббати Шумо беназир буда симимиву таҳидили ва ихлосмандонаву босадоқати афзун аст , бинобар ин доимӣ сафою сахои умри бобаракати Шумову аҳли байтатон муроди дили мо дӯстонатон , аст . Худо нигаҳбонатон , қурбон .
Рӯҳи покӣ дӯсти азизи хонадон зинданом Неъматҷон Одиев шоду ёд ва хотираи некашон ҷовидон гиромӣ бод , қаҳрамонҳо намирандаанд , пайваста дар диламон маскан намудаанд , ин тур фарзонафарзандони миллат боиси фахр ва ифтихори бепоёни моанд , умедворем , ки номашонро наздикон тоҷи сари дунё хоҳанд намуд .