Диққате дар ояти 109-и сураи Юсуф
Яке аз вижагиҳои муъминону муҷоҳидони роҳи Худо, дил набастан ба дунё ва таваҷҷуҳ ба охират аст. Худованди Мутаол дар сураи Юсуф мефармояд:
وَمَآ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ إِلَّا رِجَالاً نُّوحِى إِلَيْهِم مِّنْ أَهْلِ الْقُرَى أَفَلَمْ يَسِيرُواْ فِى الْأَرْضِ فَيَنظُرُواْ كَيْفَ كَانَ عَقِبَةُ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَ لَدَارُ الْأَخِرَةِ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ اتَّقَوْاْأَفَلَا تَعْقِلُونَ
“Ва пеш аз ту нафиристодем ҷуз мардоне аз аҳли ободиҳоро, ки ба онон ваҳй мекардем; пас, оё дар замин нагаштаанд, то бингаранд саранҷоми касе, ки пеш аз онон будаанд, чӣ гуна шуд? Ва ба ростӣ, сарои охират барои касоне, ки тақво пеша карданд, беҳтар аст; пас, оё намеандешед?” (Сураи Юсуф,ояти 109 ).
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки мухолифони паёмбарони илоҳӣ баҳонаҳои фаровон мегирифтанд; инки чаро паёмбарон ҳамонанди мо инсонҳо ҳастанд? Ва мардуми замони Паёмбари Ислом (с) низ ин чунин фикру саволҳоро доштанд ва ин оят ҳам посух мегӯяд ва ҳам ҳушдор медиҳад.
Илму донише, ки Худованд ба паёмбарони илоҳӣ ато фармудааст, ба василаи ваҳй аст; онҳо аз ҷинси мардум буда ва дар миёни онон зиндагӣ мекарданд, на фаришта буданд, на афроди гӯшагир ва на аҳли рифоҳу осоиш. Фиристодани паёмбарон, нузули ваҳй ва ҳалокати мухолифони лаҷбозашон ҳам, ҳама аз суннатҳои илоҳӣ дар таърих аст. Бадеҳист, ки ба кор андохтани ақлу фикри инсонҳо аз муҳимтарин ҳадафҳои рисолати анбиё ва Қуръон аст; зеро ин хираду андеша аст, ки инсонро ба мактаби паёмбарони илоҳӣ роҳнамоӣ мекунад.
Бар асоси ин оят, сайру сафар бояд ҳадафдор ва бо қасди панду ибрат бошад; сайру саёҳат дар замин ва огоҳӣ аз таърих ва дарси ибрат гирифтан, барои ҳидояту тарбият бисёр лозим ва албатта коргушо хоҳад буд.
Аз Худои Субҳон талаб мекунем, ки тавфиқи амал ва пайравӣ аз дастурҳои Қуръон ва супоришҳои паёмбарони илоҳиро насибамон гардонад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев