Боре дар яке аз рӯзҳои иди баҳор овозхони номдор Рӯзимати Насрулло, шоир Зодаи Понғоз( Ашӯралӣ Қурбонов) ҳамроҳи чанд рафиқашон аз ҷониби гулбоғи Бӯрак тарафи Сари Бозор роҳ мегиранд. Дар мавзеи Пули Қуқандравак дар хамгашти роҳ онҳо аз дур омӯзгор Шодибек Дадоматовро мебинанд, ки бо дӯстонаш ба поён (манзилаш дар Қалъаи поён, маҳаллаи Ғазноӣ) омада истодааст. Азбаски роҳи номбаршуда тангбар аст ва барои пиёдагардон қулай нест, мошине бо овози баланд сигнал медиҳад ва роҳгузарҳо зуд худро ба канори роҳ мегиранд.
Зодаи Понғоз бо шавқу завқи шоирона нидо мекунад:
Понғозо, Шодибекатро зи байни роҳ гир,
Мошине меояду ногаҳ занад монанди тир.
Аз ин рӯйдод ва вохӯрӣ дар қади кӯча Рӯзимат ба ваҷд меояд ва байтро боре чанд замзама мекунад.
Овозаи ин байт худи ҳамон шаб ба гӯши муаллим мерасад ва пагоҳӣ посухи онро ба Рӯзимат мефиристад:
Эй Ашуро, Шодибекро ту магир аз роҳҳо,
Шоиронро дар паноҳи худ нигаҳ дорад Худо...
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5