“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлати тоҷикон маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуда, дар қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам шинохта шудааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди қабул гардидани ин санаи таърихи ки 6-уми ноябри соли 1994 мо халқи тоҷик ва Тоҷикистониён дорои Конститутсияи худ гаштем, ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Зеро Конститутсия қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро тимсоли шаҳкитоби раҳнамоест, ки бо қутбҳои он ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.
Бояд қайд кард, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимият фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки озодии тамоми шаҳрвандон, ҳуқуқи таҳсил дар мактаб ва донишгоҳу донишкадаҳо ва дар умум ҳамаро ҳимоя менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва тоҷикистониён-ро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад.
Баъд аз қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард. Минҷумла фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик ва Тоҷикистониён аст.
Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Ёдовар мешавем Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин КОНСТИТУТСИЯ дар ҷаҳон эътироф шудааст.
Ҳамватанони азиз, ҳамаи шумоёнро бо фарорасии 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯям, бигзор қонун пояи аввалини зиндагии мову шумо бошад.
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев