----- ----- ----- -----
Азизу мӯътабарро ёд кардам,
Ба лаҳни пуршакарро ёд кардам,
Ҷавони шӯълаварро ёд кардам,
"Худовандо, падарро ёд кардам,
Худованди назарро ёд кардам".
Бирафт аз ман ҷавону тоҷи сар нест,
Ба ғам ҳамболинам чун болу пар нест,
Ба коми талхаму ширу шакар нест,
"Дар ин дунё, ки аз будаш хабар нест,
Зи олам бохабарро ёд кардам".
Чиҳил сол аст, ки рӯяшро надидам,
Зи ман чилсола шуд ӯ нопадидам,
Гули мақсуд дар ин гетӣ начидам,
"Ҳадиси боғбону гул шунидам,
Дарахти босамарро ёд кардам".
Фалак аз кори ту бошам ба фарёд,
Зи кирдорат ҳамеша сина ношод,
Чиҳил сол аст, ки ӯро мекунам ёд,
"Маро панди хушаш шаҳду шакар дод,
Ки он шаҳду шакарро ёд кардам".
Зи дурӣ қади боло хам биомад,
Ду дида аз фироқаш нам биомад,
Ба хобам арчӣ шабҳо кам биомад,
"Навое аз навобахшам биомад,
Сафобахши ҳунарро ёд кардам".
Ҳамон шамсу қамарро ёд кардам,
Ба худ он болу парро ёд кардам,
Дилам, ҷону ҷигарро ёд кардам,
"Худовандо, падарро ёд кардам,
Дуогуи писарро ёд кардам..."
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев