😥😥😥😥😥😥
Эй рафта ба чилсолагӣ ҳаштод муборак,
Омад даҳи июн, ба ту милод муборак.
З-он рӯз, ки рафтӣ ҳама бо синаи решем,
Аз ҳаҷри ту озурдаву бо ҳоли парешем.
Чил соли ҷудоӣ ҳама бо ёди ту будем,
Пинҳонӣ хамӯшона басо гиря намудем.
Шашмоҳа Гулат бе ту ба чилсолагӣ омад,
Ҳарчанд, ки чилсолааш аз дар надаромад.
Боз ой, ки дар хонаи ту тӯйу тамошост,
Боз ой, ки модар шуда бе ҳолату бар ҷост.
Боз ой, ки ҳафти ту ҳама бо дили пурғам,
Боз ой, ки ду дидаи моён шуда пурнам.
Боз ой, ки бо синаи решему ҷигарсӯз,
Боз ою ба ин чеҳраи моён назаре дӯз.
Боз ой, ки дар хонаи ту омада ҷамъем,
Боз ой, ки аз ғусса бисӯзему чу шамъем.
Боз ой, ки бе рӯйи ту дилсарду ҳазинем,
Боз ой, ки бе такягаҳ астему ғаминем.
Боз ой, ки ҳаштоди ту меояду ид ҳам,
Боз ой, ки тӯй ояду он рӯзи саид ҳам.
Боз ой, ки Мақсудалиро дида пуроб аст,
Боз ой, ки аз фурқати ту сина кабоб аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев