🔸 Матни пурсиш:
Назари ҳазрати аллома дар мавриди дидани филмҳои мустаҳҷан (порногрофӣ) ки тавассути ғарбиҳо тавлид ва таблиғ мешавад ва ба санъати бузург ва судоваре барои онон табдил шуда, тавассути ҷавонони Афғон чист?
🔸 Матни посух:
Назар кардани амдӣ ба аврати мусалмон ба истиснои ҳамсар, мутлақан ҳаром аст ва назар кардани амдӣ ба аврати ғайри мусалмон ҳаргоҳ аз рӯӣ шаҳват ва барои лаззат бошад, ҳаром аст ва дар ин ҳукм фарқе миёни ъайн, филм ва акси он нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴾قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ۚ ذَلِكَ أَزْكَى لَهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ﴿[п/1]; «Ба мӯъминон бигӯ ки дидагони худро (аз назар кардан ба ғайри маҳорим) фуру пӯшонанд ва иффати худро ҳифз кунанд, он барояшон покизатар аст, бегумон Худованд аз коре ки мекунанд огоҳ аст». Бо ин васф, тавлид, фурӯш ва нигоҳдории филмҳо ва аксҳои мустаҳҷан, ҳаром аст; Чароки ба шуюъи фаҳшо дар миёни мусалмонон меанҷомад ва Худованд фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2143/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев