🔸 Матни пурсиш:
Ба тозагӣ ба мабоҳисе бархӯрд кардам дар мавриди Меъроҷи Расулуллоҳ (с) ки мегӯянд Паёмбар бо ҷисми мубораки худашон ба Меъроҷ рафтаанд ва баъзе аз ба истилоҳ уламои Эрон дар ин бора баҳс мекунанд ки боъиси баҳсҳои инҳирифии зиёде шуда ки ҳатто худи банда дар як ҳамойиш ки барои Меъроҷи Расулуллоҳ (с) баргузор шуда буд шунидам ки шайхи бесаводе бо алқоби ҷаълӣ монанди Ҳуҷҷатул Исалом ва дуктур мегуфтанд Расулуллоҳ бо сафинаи фазойи ба Меъроҷ рафта (наъузубиллоҳ). Лутфан дар ин маврид тавзеҳ бифармойед?
Ҷонам фидои раҳбарам ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом
Дуруд бар ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
🔸 Матни посух:
Мурод аз Исроъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба он «Меъроҷ» гуфта мешавад, ин аст Худованд Паёмбарашро дар як шаб аз Масҷидул Ҳаром ба Масҷидул Ақсо сайр додааст то бархӣ нишонаҳои Худро ба ӯ нишон диҳад; Чунонки дар сурае бо ҳамин ном аз он хабар дода ва фармудааст: ﴾سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ﴿[п/1]; «Пок аст касе ки бандаашро дар як шаб аз Масҷидул Ҳаром ба Масҷидул Ақсо ки пиромуни онро баракат додаем сайр дод то аз нишонаҳои Худ ба ӯ нишон диҳад, ҳароина ӯ шунавойи биност»; Ҳамчунонки ӯро –дар ҳамон шаб ё замоне пеш аз он– боло бурда ва ба дарахте дар мунтаҳо ва назди Биҳишти барин (аъло) расонда ва фариштаи ваҳй ва бархӣ нишонаҳои бузурги Худро ба ӯ нишон дода; Чунонки дар сураи Наҷм ки пеш аз сураи Исроъ нозил шуда аз он хабар дода ва фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3129/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев