🔸 Матни пурсиш:
Ҳамон тавр ки медонем қарз додан ба изои ҳар шарте рибост, масалан қарз ба шарти иҷора ё қарз ба шарти анҷоми як кори муъаян ё қарз ба шарти гирифтани изофа ва ... . Ҳол ба суъолоти зейл посух фармойед ва мустанади Қуръонӣ ва ривойии посухро ҳам баён фармойед:
Иҷора ба шарти қарз [чи ҳукме дорад]?
Ҳавола ба шарти қарз [чи ҳукме дорад]? Яъне ман ба шартӣ ҳаволаи шуморо гардан мегирам ки ба ман пулеро қарз бидиҳед.
Қарз ба шарти қарз [чи ҳукме дорад]? Ман ба шарте пулеро ба шумо қарз медиҳам ки шумо ҳам дар фалон тарих пулеро ба ман қарз бидиҳед.
🔸 Матни посух:
Бино бар назари аллома Манзури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, «Қарз» як муъомилаи машрӯъ аст ва «Иҷора» ва «Ҳавола» низ муъомилотӣ машрӯъ ҳастанд ва шарт кардани як муъомилаи машрӯъ дар зимни муъомилоти машрӯъи дигар ишколе надорад; Ба далили асолати сиҳҳат ва ба далили сухани Худованди аззаваҷал дар ситойиши мӯъминон ки фармудааст: ﴾وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا﴿[п/1]; «Ва вафо кунандагон ба аҳдашон ҳангоме ки аҳд кунанд» Ва фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2571/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев