ё чӣ гуна аз тифлам халос шавам? Сумайя дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, камол ёфтааст. Ӯ дар ҳусну ҷамол, таълиму тарбия, рафтору гуфтору муносибату муомила камбудие надорад. Аммо бо вуҷуди он ки волидон тарбияи дурусташ додаву соҳибмаълумоту соҳибкасбаш сохта, ӯ хато кардааст. Бале, хатое, ки ислоҳаш имкон надорад.
Худ надониста монд, ки чӣ гуна бо Фаррух шинос шуду дӯсташ дошт. Гарчанде дар бораи ишқу муҳаббат ҳатто тасаввуроте надошт, бо вуҷуди ин ошиқ ва девонаи ишқи азизи дилаш гашт. Сумайя ва Фаррух дар як донишгоҳ, як факулта ва як синфхона пушти як парта мехонанд. Пештар бо ҳам дар ҳар боб сӯҳбат кардаву дар баъзе ҳолатҳои душвор чун ҳамсабақ дастгири якдигарӣ буданд. Духтар ҳеҷ гумон надошт, ки рӯзе ҷавон ба ӯ изҳори муҳаббат мекунаду бидуни андеша ишқашро қабул месозад. Аммо ҳамин тавр шуд. Пас аз як соли таҳсил Фаррух рӯзе аз дер омадани муаллимаи ихтисосӣ Малоҳат Шарафовна истифода карда, ба Сумайя гуфт:
- Сумайяҷон, медонӣ чӣ? Ман туро дӯст медорам. Нисбатат ягон андешаи бад надорам, танҳо мехоҳам ҳамеша, то дами марг паҳлуям бошӣ, зеро имрӯзҳо эҳсос мекунам, ки нисбат ба ту муҳаббати зиёд дораму агар оянда паҳлуям набошӣ, худро хушбахт намешуморам. Рафтору гуфтор ва хислатат писандам аст, мисли худам шӯхтабиату зиндадил ҳастӣ. Чӣ мешавад, ки мо бо ҳамдигар сайри гулзори ишқу муҳаббат намуда, оянда издивоҷ кунем? Бовар кун, девонаи ишқат гаштаам.
- Духтар гӯё интизори пешниҳоди ҷавон буд, ки дарҳол: Ман низ нисбат ба ту бетаваҷҷӯҳ нестам, дар дилам оташи ишқат фурӯзон асту мехоҳам, ки ҳамеша дар барам бошӣ, дар рӯзҳои пасту баланди ҳаёт, зиндагӣ дастгирам бигардиву оянда мо зану шавҳари намуна бошем.
Ҳамин тавр онҳо бо ҳам роз гуфтаву аҳди муҳаббат бастанд. Акнун мавзӯи сӯҳбати ду ҳамсабақ иваз шуд, онҳо дигар дар бораи дарсҳо не, балки зиндагии ояндаашон гап мезаданд. Хаёлан хушбахт буданду рӯзгори осуда доштанд, фарзандони ба ҷон пайвандашон бошанд, зиндагии ин ду ҷавонро рангину ширину гуворо менамуд. Сумайя ва Фаррух вақтҳои охир ба дарсҳо намерафтагӣ шуданд. Дар як ҳафта ду- се рӯз ба дарс рафта,
дигар рӯзҳои ҳафтаро дар боғ ва ба сайру гашт мегузарониданд. Дар мулоқоти навбатӣ Фаррух ба Сумайя гуфт:
- Сумайяҷон, чӣ мешавад, ки ҳамин ҳафта ба дараи Варзоб рафта, каме сайру тамошо кунем. Ҳама дар бораи Варзоб суханони хуб мегӯянд, аммо боре нарафтаам. Биё, рӯзи шанбе якҷоя меравем, истироҳат мекунем, сайру тамошо менамоем, бегоҳӣ гашта мебиёем.
- Аз модарам иҷозат гирам, майлаш, меравем.
- Ба модарат чӣ гуфта иҷозат мегирӣ?
- Бо ҳамсабақон ба дараи Варзоб меравем, мегӯям.
- Не, ҷонам, беҳтараш ҳамин хел касе дарак наёфта меравем. Охир, вақте ту дар оғӯши манӣ, дигар одаму олам дар назарам наметобад ва намехоҳам, ки касе ба мулоқоти мо халал ворид созад. Духтар розӣ шуд. Рӯзи шанбе низ фаро расид. Онҳо субҳи барвақт аз
хона баромада, на ба дарс, балки ба дараи Варзоб раҳсипор шуданд. Ҳавои тоза, садои гӯшнавози дарё ва манзараҳои диданӣ ба ошиқу маъшуқа илҳом бахшид, дилашон шод гашт. Фаррух як хонаеро то бегоҳ ба иҷора гирифта, аз пешхизмат хоҳиш кард, ки дарҳол барояшон дастархон омода созад. Онҳо хӯроки нисфирӯзиро истеъмол намуда, ҷавон аз пешхизмат хоҳиш кард, ки дигар ба истироҳаташон на худашу на каси дигар халал ворид насозад, агар даркор шавад, худаш ҷеғ мезанад. Ҳамин тавр ӯ дарро аз пушти пешхизмат қулф карду худ ба духтар часпид. Аввал даст ба сина, сипас аз лабони чун гул нозуки арӯсаш бӯсид. Сумайя аз навозишҳои роҳатбахшу бӯсаҳои ширини азизи дилаш обу адо шуда, рангу рӯяш пахта барин сафед гашт, беҳолу бемадор шуд. Худ надониста монд, ки чӣ тавр ду дастро дар гардани Фаррух ҳалқа карда, аз сару рӯяш бӯсид. Онҳо мисли мори печон ба ҳам печида, якдигарро мебӯсиданду мебӯиданд. Сумайяро бӯсаҳо, навозишҳо ва суханони пурмуҳаббату нолишҳои ҷавон писанд омад ва хоҳиш кард:
- Асали ман, каш, каш, ки дигар тоқат надорам…
- Чиро?
- Либосҳои ҳам худатрову ҳам аз манро.
- Мабодо кори гандае накунем, ки аз якдигарӣ хафа шавем…
- Не, ҷон, ман хафа намешавам, ту ҳам. Медонам, ки ба ту писанд меояд ва ба ман низ.
- Чӣ писанд меояд?
- Ҳамун кор. Саволу ҷавобро баъд мекунем, ҳоло каш либосҳои маро, ки дигар намешавад, аз худатро ҳам каш ва маро…
- Чӣ туро? Дилат ягон чӣ мекашад? Гап зан ҷонам, шарм надор, гуфтам ку, ҳарчӣ дилат мехоҳад, озодона, бидуни шарму ҳаё бигӯ, охир, мо оянда зану шавҳар мешавем, набояд аз якдигар изо кашем.
- Фаррух, маро ту девона мекунӣ. Вақте дастатро ба синаам бурдӣ ва вақте тамоми аъзои баданамро бо бӯса гулкорӣ кардӣ, қариб буд, ки беҳуш шавам. Ишқу ошиқиаш ин қадар ширин будаасту мо бехабар …
- Ширинӣ аз пеш аст ҷонам. Ҳоло ист, ман туро аз волидонат талаб намуда, аз худ кунам, ана баъд мебинӣ шириниро. Он қадар ғамат медиҳам, ки ба дод меоӣ.
- Ман ҳаргиз аз ғам доданҳои ту ба дод намеоям. Баръакс, бо ту будан бароям як ҷаҳон хушбахтӣ аст. Аз чашмони ту, аз нигоҳҳои ту, аз хандаҳо ва аз ҳарф заданҳоят худро гум мекунам, тағйир меёбаму нороҳат мешавам, агар дастат ба ягон ҷоям расад тамом…
- Насиб, мо оянда якҷо шавем, бо навозишу меҳрубониҳоям он қадар хушҳолат хоҳам сохт, ки як умр фаромӯшам нахоҳӣ кард. Ҳатто баъди сари ман ҳам, наметавонӣ ба шавҳар бароӣ, зеро ки ҳеҷ мард мисли ман туро дар бистар розӣ карда наметавонад.
- Аз марг сухан магӯ, ки дилам ганда мешавад. Ҳоло вақти чунин ҳарфҳо нест, ҷонам, биё беҳтараш…
- Беҳтараш чӣ, гап зан, ман тайёр?! - Мехоҳам ҳамон ширинии мегуфтаатро худи ҳамин лаҳза бичашам. Медонӣ, дигар наметавонам тоқат кунам, ту маро он қадар девона кардаӣ, ки мехоҳам ҳар ҳунаре дорӣ, ҳамин ҳоло ба ман нишон бидиҳӣ.
Фаррух аз хоҳиши Сумайя шод гашта, шитобон аз паси бадар кардани либосҳояш шуд. Духтарро лучи модарзод карда, чанде ба бадани пахта барин сафедаш нигаристу гуфт: - Оҳ, Сумайя… Ту бо ин ҳама зебогӣ маро мекушӣ. Ҷигари туро хӯрам ман. Дер боз орзуи ҳамин гуна духтарро мекардам. Худоро шукр, ки маро ба мақсадам мерасонад.
Ҳамин тавр онҳо ҳамхоба гаштанд. Ҳам ҷавону ҳам духтар аз меҳрубонӣ, навозиш, бӯсидану бӯйиданҳои якдигарӣ розӣ, оғӯш ба оғӯш каме истироҳат намуданд. Чун аз хоб бедор шуданд, соат аллакай аз 15 (се) гузашта буд ва маслиҳат карданд, ки аввал шашлик мехӯранду сипас ба роҳ мебароянд. Аммо Сумайя аз ҷавон хоҳиш кард, ки маротибаи дигар ҳамхоба шуда, баъдан роҳ сӯи шаҳр пеш гиранд, зеро ки боз кай чунин имконро ба даст меоранд, касе намедонад. Фаррух аз пешниҳоди Сумайя хушҳол шуда, боз ба ҳам печиданд. Ҷавон аз нӯги пой сар карда, то сару гардани духтарро бӯсид, бо дастонаш навозиш карду баъдан…. Сумайяро шод намуд ва сипас ба роҳ баромаданд. Фаррух он қадар шод буд, ки сари чамбари мошин суруд хонда, як ба пеш назар мекарду як ба арӯси дар паҳлуяш нишаста. Сумайя бошад, даҳон пур аз табассум, худро он қадар хушбахт мешуморид, ки гӯё монандаш дар ҷаҳон нест. Бехабар аз фоҷиаи дар пешбуда, шӯхикунон сӯи шаҳр равона буданд. Фаррух дар роҳ хост Сумайяро бибӯсад ва бо дасте чамбари мошинро дошту бо дасти дигар арӯсашро ба сӯи худ кашида, бӯсид. Онҳо банди бозӣ кардану шӯхӣ намудан, чӣ гуна ба садама дучор гаштанд, намедонанд. Танҳо баъди чанд соат худро дар беморхона диданд. Ронандаи камазе, ки мошини онҳоро зер кардааст, ҳардуро ба беморхона бурда, аз табибон хоҳиш намуда, ки барои барқарор кардани саломатии ҳам Фарруху ҳам Сумайя чӣ коре, ки аз дасташон меояд, бикунанд. Аммо Фаррух аз як пой монду Сумайя бошад, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт. Бадтар аз ин, духтар ҳомиладор шудаву имрӯзҳо намедонад чӣ кор кунад. Аз ин фоҷиа
касе аз наздиконаш хабардор нестанд.
Танҳо медонанд, ки ба садама дучор гаштааст, дигар аз чизе воқиф нестанд. Фаррух айни замон хонадор шуданӣ нест, зеро ки дар ҳолати бад қарор дорад, Сумайя бошад, ҳайрон мондааст. Мехоҳад тифли батнашро исқоти ҳамл намояд, аммо метарсад, ки боз худро ба бенаслӣ бурда нарасонад. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, хонандагони азиз?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 74
Ҳамира дар охир гуфтани ҳастам
ДУХТАРО БА КЕР ШУХИ НАКУНЕД. КЕР ШУХИ НАДОРАД. ШИКАМТА ПУУРИ ПРОБЛЕМА МЕКНА БА НАМЕДОНИ ЧИ КОР КУНИ
ЗАНОНРО НАШОЯД НА ТОЧУ НА ТАХТ.
FУЛОМИ СИЯХ БОШАДУ РАГИ САХТ.
Бенихоят мехохам шумо хамсари якдигар шавен ва бояд шавен чун ки дар батни шумо духтарак тифли бе гунох АСТ дониста гирен харду ошик ки мегуянд мухабат ширин АСТ мевааш аз он ширинтар АСТ барои хамин бо розигии харду хамсари якдигар шавен дар ин чо хардуятон гунахгорен якта тон не худо ба шумо Боз хам чони дубора додааст бояд хардуи шумо бародари Азиз ва Апаи Ази...ЕщёСалом ба хамаи маРдУмИ Точик барои ин ду чавон ман авал хушбахти мехохам бадан ман дарди ишка медонам чун ки ошикора ба чи хол меорад инаша пеш аз амалашон худашон медонанд худо ва бадан хама фикраша байён кардан дар ин чо танхо духтара гунахгор донистанд аммо хатоги аз хардуи инхо хаст чун агар чанде дили духтар хоста бошад хам бача бояд фикр мекард ки хато АСТ ин корамон биё накунем мегуфт аммо дили духтар хостаст бача меиста бо хамин бахона хардуяш ба истирохатгох рафтанд онхоро хичкас халал нарасонад бо хамин хотир худо онхоро чазо додааст аммо худо бахшанда ва МеХрУбОн АСТ мебахшад хардуи ошиконро ман хам ба шумо дуогуям
Бенихоят мехохам шумо хамсари якдигар шавен ва бояд шавен чун ки дар батни шумо духтарак тифли бе гунох АСТ дониста гирен харду ошик ки мегуянд мухабат ширин АСТ мевааш аз он ширинтар АСТ барои хамин бо розигии харду хамсари якдигар шавен дар ин чо хардуятон гунахгорен якта тон не худо ба шумо Боз хам чони дубора додааст бояд хардуи шумо бародари Азиз ва Апаи Азиз хонадор шавен рузхои хуб ай пеш АСТ
Ман дар кори шумо хам хурсан шидам хам гамгин ман хам барои он ки аз сар гузаронда истодаам медонам дарди бе табибро
Дар охир ба хардуятон хушбахти мехохам сарбаланду хонаобод бошен харду дилдода
Дуогуи хардуи шумо ман Бахтиёр
хароми кудак намешад хароми харду чавоноян апачон