Ҷои фаъолият: шаҳри Кӯлоб
Вазифаҳои асоси:
• Таҳияи ҳуҷҷатҳои хазинавӣ дар барномаи 1С-Бухгалтерия, минбаъд 1С.
• Ворид кардани маълумот ба 1С: дар бораи кормандон, воситахои асоси, хазинаи сохтор ва зерсохтор, музди мехнат, пешпардохтхо, гардиши дар суратхисобхои бонки ва гайра.
• Гирифтани иттилои ҳаррӯза оид ба амалиёти хазинавӣ аз зерсохторҳо;
• Ҳаррӯза муқоиса кардани гардиши маблағҳои пулӣ ва қисмати боқимондаи хисобхои пули дар хазина ва суратхисобхои бонкии зерсохторхо (аз рӯи маълумоти 1С ва ҳисоботҳои хазинадорон);
• Иҷро кардани супоришҳои дигари махсуси муҳосиби филиал;
• Иваз кардани хазинадорони филиал ва зерсохторҳо дар давраи руҳсатии меҳнатиашон.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти оли дар сохаи Иктисодиёт, Молия ва Карз, Мухосибот;
• Тачрибаи кори Мухосиб ва/ё Ёвари муҳосиб – афзалият мебошад;
• Малакаи хуби кори компютери;
• Донистани забонхои точики ва узбеки. Донистани забони англиси – афзалият мебошад.
• Малакаҳои шахси, қобилияти кор дар як даста;
• Ҳисси баланди масъулият.
Шароити хуби кори:
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
шаҳри Кӯлоб, кўчаи Х. Назаров 4,
ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: kulyab.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.org Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 01 октябри соли 2023.
Рақами телефон: (992) 988 35 28 62
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев