Акнунбарои қабул шудан ба муассисаи таълимӣ кӯдакони муҳоҷирон бояд аз санҷиши донистани забони русӣгузаранд. Ин талабот ба баланд бардоштани сифати таълим ва ҳамгироии кӯдакони муҳоҷирон ба муҳити таҳсилоти Русия мусоидат мекунад.
Забони русӣ воситаи асосии омӯзиш ва муошират дар мактабҳои русӣ мебошад. Сатҳи нокифояи донистани забон аксар вақт бароифарзандони муҳоҷирон монеаҳо эҷод карда, таҳсилва муоширати онҳоро бо ҳамсинфон мушкилмекунад. Гузаронидани санҷиши ройгон дар марҳилаи қабул имкон медиҳад, ки сатҳи омодагиикӯдакро муайян карда, дар ҳолати зарурӣ бароимутобиқшавӣ ӯро ба курсҳои иловагӣ равон кунем.
Ба ғайр аз санҷиш аз забони русӣ, волидон боядқонунӣ будани будубоши кӯдакро дар Русия тасдиқкунанд. Ин пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаимақоми ҳуқуқии оила, аз қабили иҷозаи иқомат, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё кортимуҳоҷиратиро дар бар мегирад. Қоидаҳои нав барои батартибории раванди қабул мусоидат карда, бароиҳамаи хонандагон шарту шароитҳои баробаррокафолат медиҳанд.
Барои волидоне, ки забони русиро намедонанд, дар минтақаҳои Русия курсҳои мутобиқсозӣ ва марказҳои иттилоотӣ таъсис дода мешаванд. Масалан, дар соли 2024 Агентии федералии оид ба корҳои миллатҳо як курси мутобиқсозии иҷтимоироба роҳ монд, ки барои ба муҳоҷирон хубтар фаҳмондани қоидаҳои рафтор ва қонунгузориикишвар равона карда шудааст.
Ҷорӣ кардани санҷиши ҳатмӣ – ин як қадамбарои фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва ҳамгироии кӯдакони муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия ва ҳамзамон нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангиионҳост. Ҳадаф аз ин тағйиротҳо – барои ҳамадастрас ва одилона гардонидани системаи маорифаст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев