1- Паёмбари Худо (с)
фармуданд:
Оё шарм намедорад оне, ки
ҳамсарашро чун бардае
мезанад, дар оғози рӯз ӯро
зарб мекунаду дар шаб бо ӯ
ҳамхобагӣ мекунад, ингуна
нафар магар шарм
намедорад?!
(Ривояти Имом Абдурраззоқ
ҳадиси 19032)
2- Модари муъминон, Оишаи
сиддиқа ривоят карданд, ки:
Паёмбари Худо (с) боре бо
дасташон, ба истиснои ҳолати
набард, чизеро назаданд, на
ходимеро ва на ҳамсареро
боре ҳам зарб нанамуданд.
(Ривояти Имом Муслим ҳадиси:
2328)
3- Ҳаким ибни Муовия ривоят
карда, ки падараш Фиристодаи
Худо (с) ро пурсид:
Эй Фиристодаи Худо, ҳаққи
ҳамсарони мо болои мо
мардон кадом аст?
Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд:
Ҳаққи ҳамсарат бар ту ин аст,
ки чун ғизо хури, ӯро низ бо
ғизо таъмин намои, чун либос
бипуши, барои ӯ низ либос
бихари, бар рӯи ӯ зарбу лат
нанамои, суханони қабеҳу
зишташ нагуи, агар бо ҳам қаҳр
кардед, танҳо дар сурате қаҳр
бояд куни, ки ӯро дар хонаи
худат ҳамроҳат нигоҳ дори.
(Ривояти Имом Абу Довуд
ҳадиси: 2142)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев