Нақле аз фаъолият ва корнамоиҳои бобои Малакбоз!.
Малакбоз писари Марватшо ва модараш Хушолбегим буда, зиндагониаш ба охирҳои асри 19 ва аввали асри 20 рост меояд. Малакбоз одами лаёқатманд буда корҳои деҳқонӣ, чорводорӣ ва шикорро дӯст доштааст.
Дар баробари ин корҳои боз маҳорати устои сохтимони хонаҳо ва ҷӯйборҳои нав бар сари заминҳои бекорхобидаро дошт. Якумин ҷуйбори сохтагиаш Таговвеth ҷуйборе, ки то деҳаи Бароҷ аз Анҷиндара дар масофаи 6 км тул мекашад, буда минбаъд муҳандиси ҷуйборҳои аз Миденшарв то Ривархур, аз Боғеф то боғи Ботаникии шаҳри Хоруғ, аз Курцбоғен то боғи Ботаникии шаҳри Хоруғ, аз Чандиндара то Шоҳихоразмро ба уҳда дошт ва дар баробари ин якчанд ҷуйборҳои дигарро дар худи деҳаи Бароҷ ба зима дошт.
Дар сохтмони ҷуйбори Чандиндарра то Шоҳихоразм бо ҳамроии усто Шинак, ки ин ба даврони мингбошии Азизхон рост меояд муҳандисиро ба уҳда доштааст.
Дар даврони сохтимони ин ҷуйбор кори усто Шинак ба бобои Малакбоз хушоянд набуда бинобар ин аз Азизхон хоҳиш мекунад, ки барои одамонаш ҷойи алоҳидаро тақсим намояд. Азизхон бо фикраш рози шуда ҷойи алоҳидаро ба бобои Малакбоз медиҳад. Дар рафти кор усто Шинак чанд маротиба аз кори Малакбоз ба мингбоши Азизхон шикоят менамояд. Вақте ки Азизхон Малакбозро даъват менамояд ва аз шикояти усто Шинак барояш мегуяд Малакбоз дар ҷавоб чунин мегӯяд,
" шояд Шинак ҳақ бошад, аммо тезкори баъдан маълум хоҳад гашт"!.
Баъдан вақте ки сохтимони ҷуйбор ба поён мерасад ва вақти сар задани об фаро расид дар ҷойҳое, ки усто Шинак кор карда буд ҷуйбор қисман сел шуда рафт ва ҷое, ки Малакбоз сохт то замони мо боқи мондааст.
Азизхон ҳангоми аз мингбоши барканор шуданаш ва дар вақти тозза намудани ҷуйбор мегуяд, ки ҳангоми кор аз болои ҷуйбор аз Шикоятҳои Шинак то ҳатто бо Малакбоз ҷангҳам мекардам, аммо ҳалолкориҳо баъдан маълум гашт. Ҳозир фаҳмидам, ки дар ҷойҳое, ки Малакбоз кор кардааст ҷойи чойхуриамон аст ва ҷойҳое, ки Шинак кор кардааст бароямон меҳнат ҳасту халос. Шинак пеши ман таърифи кори худ мекард ва кори Малакбозро бошад паст мезад. Акнун фаҳмидам ки Шинак қабри маро кандааст.
Дар баробари ин корҳо курукқои Андарситез, Хидорҷеф, Хазим ва Римвоҷро бо роҳбарии Малакбоз сохтаанд.
Сохтмони ҷуйбори Шоҳдашт (Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ)
Даште, ки номи Шоҳдаштро дошт як макони бе обу алаф буд, дар ин дашт танҳо алафҳое, ки ба гарми тоқат менамуданд меруиданду халос. Вақте, ки пир Сайидаҳмадшоҳ ин даштро тамошо мекунад нияти ба ин дашт овардани обро мекунад ва ривояте аст, ки пир Сайидаҳмадшоҳ як шаб хоб мебинад, ки дар болоии қишлоқи Курсбоғен рӯ ба рӯ бо қишлоқи хабост чашмачае ҷори аст ва аз онҷо баровардани об имкон дорад. Саҳар мардумро ҷамъ намуда сохтани ҷуйборро ба онҳо мефаҳмонд ва ҳамагон пешниҳод менамоянд, ки устои ҷуйборро танҳо Малакбоз метавонад созад. Пир Сайидаҳмадшоҳ барои овардани Малакбоз одам мефиристонад.
Баъди омадан ба назди пир ва баҳсу муунозираҳои зиёд нақшаи ҷуйборро Малакбоз мекашад ва одамонро ба гуруҳо тақсим менамоянд ва ба кор шурӯъ мекунанд. Дар давоми як моҳ сохтимони ҷуйбор аз руйи нақшаи тартибдодаашон ба охир расонданд ва танҳо кор аз болои чуқурие, ки ба боғ медаромад монда буд. Бо як пешниҳоди Малакбоз дар ҳарду тарафи чуқури девор месозанд то об аз мобайни ин деворҳо гузашта ба сатҳи он тарафи дашт расад. Ҳамин тавр ҳам шуд, мардум ҳарду тарафро девор сохтанд ва дар мобайни деворҳо даромадгоҳ барои ба боғ ворид шуданро монданд.
Ҳамаи корҳои сохтмони ҷуйбор то ҳато ( Хановь) ҳам ба охир расид ва масаълаи сар додани об ба ҷуйбор ба миён меояд. Оби сардода аз сабаби кам буданаш ба ягон ҷо худро намерасонад, Малакбоз назди пир омада воқеияти ҳолро шарҳ медиҳад. Пир мегуяд ки зери ҳамин чашма сангест ва зери он санг бошад оби зиёдтаре ҷори хоҳад шуд, аммо обро ба сатҳи ҷуйбор баровардан мушки аст ва ин корро ғайр аз Шумо (Малакбоз) ягон каси дигар наметавонад. Шумо тавонед нағз агар не кори мо бозҳам тул мекашад.
Бо пешниҳоди Малакбоз мардум аз сари нав ба кор шуруъ мекунанд ва бо пешниҳоди пир гирду атрофи санг васеътар менамоянд. Дар ин кор Малакбоз аз намад ва саргин истифода менамояд. Малакбоз мегуяд, ки мо ба гуфти шоҳ карда оби чашмаро аз ҷойи мебуромадагиаш кушодтар намудем ва даҳ ё аз он ҳам зиёдтар намадро сурох кардем ва обро боло баррдоштему гирду атрофи намадҳоро бо саргин пур кардем, ки об ба сатҳи ҷуйбор хест ва болои кулро пушондем то регу лой онро пур накунад ва бо ин усул заминҳои хушки ин дашт ба заминҳои оби табдил ёфтаанд.
Усто Малакбоз барои деворкунии ҳавз (Хановь) фикри баландии деворро ба заминларзаву дигар хатарҳо тоб овардани он дар баъзе ҷойҳо тоқчаҳоро монда аз чуб истифода бурдааст ва ниҳолҳоро дар мобайни девор шинондааст, ки реша давонда девор чаппа нашавад ва то ба ҳол девор мавҷуд аст!..
Дидор Насридинов!.
Odil Malakbozov!..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев