Аллоҳ таъоло мефармояд:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوْمِ ٱلْجُمُعَةِ فَٱسْعَوْا۟ إِلَىٰ ذِكْرِ ٱللَّهِ وَذَرُوا۟ ٱلْبَيْعَۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
"Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст".
فَإِذَا قُضِيَتِ ٱلصَّلَوٰةُ فَٱنتَشِرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ وَٱبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِ ٱللَّهِ وَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ كَثِيرًا لَّعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
"Пас, ҳангоме ки намоз поён ёфт, [барои касби ризқу рӯзӣ] дар замин пароканда шавед ва аз фазли Аллоҳ таоло талаб кунед; ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то растагор шавед".
Вақти намози Ҷумъа вақти намози пешин аст ва ба ҷои пешин хонда мешавад. Аз ин рӯ Худованд фармудааст, ки эй мӯъминон чун бонги азонро шунидед, аз шуғли худ фориғ гардед ва барои шунидани вазъу насиҳату хутба ва барои ибодати Аллоҳ ба намози ҷумъа бишитобед. Агар шумо аҳли фаҳм бошед, бояд бидонед, ки ин тиҷорат барои шумо нисбат ба он тиҷорати молие, ки доред манфиъати бештаре дорад. Фазилатҳои судбахш барои касоне, ки дар он рӯз барои адои намоз бо ҳам ҷамъ омаданд ин аст:
✅ Якум: дар дуои ҷамоат хайру баракати бештар аст.
✅ Дуюм: баъд аз ҳар намоз аз Худо ҳоҷат пурсида шавад ин шаа Аллоҳ, иҷобат мешавад.
✅ Севум: яке аз фазилатҳои рӯзи ҷумъа мавҷудияти лаҳзаи қабули дуои бандагон дар давоми рӯз аст. Аммо дар ахбор оид дар кадом қисми рӯз ба вуқӯъ пайвастани ин лаҳза маълумоти аниқ нест. Баъзе олимони бузурги Ислом ақида доранд, ки ин лаҳза, ин шаа Аллоҳ, охири намози Ҷумъа аст.
✅ Чаҳорум: тарки намози Ҷумъа беузр (барои мардон) гуноҳи бузург аст.
Худованд аз фазилати ин намоз ва ин рӯз мо ва шуморо бахравар гардонад. Омин.
(📙Тафсири Осонбаён)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев