Аллоҳ таъоло мефармояд:
رِجَالٌ لَّا تُلْهِيهِمْ تِجَٰرَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَن ذِكْرِ ٱللَّهِ وَإِقَامِ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءِ ٱلزَّكَوٰةِۙ يَخَافُونَ يَوْمًا تَتَقَلَّبُ فِيهِ ٱلْقُلُوبُ وَٱلْأَبْصَٰرُ
"Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше ононро аз ёди Аллоҳ таоло ва барпо доштани намоз ва пардохти закот ғофил намекунад, [ва] аз рӯзе, ки дилҳо ва чашмҳо дигаргун мешавад, бим доранд".
(Сураи Нур ояти 37)
Ибни Аббос (Худованд аз ӯ рози бод) гуфтааст: “Ин оя дар мавриди муъминони аҳли бозори Мадина нозил шуда аст, ки онҳо бо шунидани азон тиҷорату касбу кори худро тарк мекарданд ва бо сӯи масҷид мешитофтанд.”
Худованд дар ин оят фармудааст, ки мардоне субҳу шом дар масҷид ба намоз меистанд, ки дунё ва зинатҳои фиребандаи он онҳоро аз ёди Худо машғул ва ғофил намекунад. Хариду фурӯш онҳоро аз тоъати Худо боз намедорад, дунё онҳоро аз барпо доштани намоз ва аз пардохтани закот манъ намекунад. Онҳо аз рӯзе (қиёмат) метарсанд, ки аз шиддати тарс ва ҳароси он дилҳою дидаҳо ошуфта ва дар миёни умеди наҷот ва бими ҳалок нигарон мешаванд.
(Тафсири Осонбаён)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев