Рачабали Фаизуллоев
ЗИНДАГИ ҲАМ САРДИҲО ДОРАД!
( қисса)
Муаллиф Раҷабали Файзуллоев
- "Хез писарам, соат ҳашт шуд,"- садо кардани модарам маро аз хоби ғафлати пагоҳи бедор кард.Ба соати болои сарам, ки дар девори хона насб карда шуда буд, нигаристам, дар ҳақиқат ҳашти пагоҳиро нишон медод.Ба саҳни ҳавли баромада, лаҳзае ба дарахти зардолу,ки алакаи муғчаю гул баста буд, дида духтам.
- Баҳори хуррам дар мекӯбад,- ба дарахти ғарқи гул назар карда, андеша кардам дар дил.Сардиҳо рафтанд, хуршеди оламоро ҳама ҷоро нур мепошад, табиат низ ранги хешро тағйир медиҳад, аммо чаро қалбҳои мо навхонадорон ҳеҷ гарм намешавад,- ба дарёи хаёлу андешаҳои бесарунук ғутаввар шуда меандешидам дар дил.
- Чи шах шуда истодаи дар ҳавли, рав дасту панҷа шуста, сари дастархон биё,- маро андешаманд дида таъкид кард модарам.Аз вақте, ки ҳамсарам аз хона қаҳр карда ба хонаи модараш рафтааст, муносибати модарам ба ман низ тағйир ёфтааст.Ҳамааш айби худам, ки ҳамсарамро аз рӯзи нахустини хонадори эрка карда будам.
- Бачам одам занашро эрка намекунад, эрка карди, балои ҷонат мешавад,- мегуфт модарам.Аммо ман суханҳои пандомези модарро гӯш намекардам.Модар модар аст, гуфтан мегирад...
Лаби дастархон омада нишастам, модарам косаи шири гармро равғани зард андохта, наздам гузошт.Акнун бо иштиҳо ба хӯрдан сар карда будам, ки модарам ногаҳон нидо кард:
- Барои овардани ҳамсарат каи мерави?
- Ман намеравам, мон дар хонаи модараш истад, худаш қаҳр карда рафтааст, пушаймон шуда рӯзе боз меояд,- гуфтам ба модарам.
- Ин хел намешавад, зиндаги ҳазорҳо нофаҳмиҳо дорад, то чанде онҷо истод, мардум ҳаққу ҳамсояҳо гапу чап мекунанд,- насиҳат карда мегуфт модарам.
- Ману шуморо модарҷон ҳурмат накард, гапгардони кард, бало ба пасаш, намеравам вассалом.Модарам дид, ки ман якрави дорам, дигар дам назад.
Аз байн ду рӯз гузашт.
Дирӯз дар бозор ногахон хусурамро дидам.Ваи дар рӯбарӯям паидо шуда аввал аҳволи ману модарамро пурсиду баъд гуфт:
- Домод, кори хуб накарден, чаро духтарамро аз хонаатон зада пеш карден?
- Тағо духтаратонро мо аз хонаамон пеш накардем, вай худаш қаҳр карда баромада рафт.
- Дар ҷавони одам хатокор мешавад, духтарам ҷавони кардаст, боз рӯзҳои хуб дар пешанд, боз зиндагиятон хуб мешавад,- мегуфт хусурам.
- Агар хонаваиронии духтаратонро
нахоҳед,пас пагоҳ гирифта биёредаш,- таъкид кардам ба падари ҳамсарам.Бо ҳамин сӯҳбати сарироҳиямон тамом шуд.
Ба хона омадам.Модарам курпаю болишт ва кӯрпачаҳои хонаи маро бароварда дар торбандҳо гузошта истодааст.
- Чи кор мекунед, модарҷон?- ӯро машғули кор дида пурсидам аз ӯ.
- Рафтани ҳамсаратро ба хонаи модараш шаш моҳ шуд, бин баҳор шуд, курпаю курпачаатро офтоб диҳам, хуб мешавад.
- Имрӯз падари занамро дар бозор дидам, хеле насиҳатам кард, пагоҳ шояд духтари эркаашро гирифта биёрад.
- Падари хуб ғами ояндаи фарзандашро мехӯрад, "аз баҳри як кайк, пустинро оташ задан хуб нест,- маънидорона гуфт модарам.
- Кӯ бинем, пушаймон шуда пагоҳ меояд ё не,- табассумкунон гуфтам ба модарам.
( давом дорад)